Нишасти кории навбатии аъзои Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (АКС)

Нишасти кории навбатии аъзои Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (АКС)
Октябр 11
14:41 2019

Рӯзи 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе нишасти кории навбатии аъзои Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори нишаст намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, шахсони аз сил шифоёфта, мутахассисон-силшиносон, шахсони маъруфи соҳаи тиб, санъат, синамо, илму адаб – аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии “Духтурон бидуни марз”, ташкилотҳои ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон”, “Замон ва ҷомеа”, “Зуҳал”, “Чашмаи ҳаёт”, “Гендер ва тараққиёт”, “Бузург”, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, аъзои Гурӯҳи дастгирии беморон ва ҳайати кормандони Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон, намояндагони Радиои Фарҳанг, Телевизиони Ҷаҳоннамо, хабаргузории Азия-плюс, торнамои иттилоотиву фарҳангии “Падида” ва ғ. ширкат варзиданд.

Дар рӯзномаи нишаст мавзӯъҳои таҳлили нусхаи санади механизми фармоиши иҷтимоӣ дар мавзӯи сил, ифтитоҳи расмии торнамои ҲБСТ; ифтитоҳи истифодабарии воситаи (инструмент) баҳогузории доғгузорӣ (стигма) дар атрофи бемории сил, таҳлил ва тасдиқи матни тарҷумаи тоҷикии “Эъломияи ҳуқуқи шахсони аз сил осебдида” баррасӣ гардиданд.

Нишасти кориро Аслидин Раҷабзода, директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ҳусни оғоз бахшида, доир ба пешрафту норасоиҳои соҳаи силшиносӣ, раванди таҳияи Стратегияи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар солҳои 2020-2025 ва дигар масоили мубрам ибрози назар кард.

Зимни суханронии худ Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба зарурати воридсозии механизми фармоиши иҷтимоии марбути сил ба Стратегияи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар солҳои 2020-2025, таҳкиму тавсеаи моделҳои муассири табобату дастгирии шахсони бемори сил ва ҷалби таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба мавзӯи сил таъкид намуд.

Ҳамзамон, Наргис Саидова, роҳбари  ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” суханронӣ намуда, дар бораи саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди пешгириву табобати бемории сил ва дастгирии равониву иҷтимоии шахсони бемори сил ва аъзои оилаҳои онҳо ибрози назар кард.

Мавзӯи “Механизми фармоиши иҷтимоии марбути сил”-ро Маърифат Абдуллоева, мушовири ҲБСТ боз ҳам возеҳтару васеътар шарҳ дода, тартиби таҳияи санади онро ба таври намуна рӯнамоӣ кард.

Аз рафти иҷроиши нақшаи амали аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” узви даста, рӯзноманигор Шаҳноз Комилзода маърӯзаву рӯнамоӣ карда, ҳозиринро бо натиҷаҳои назаррас ва самараҳои муваффақонаи фаъолияти зиддисилии шахсони маъруф ошно намуд.

Дар идома намояндагони дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”, шахсони маъруф – овозхони шинохта Нозияи Кароматулло, ҳаҷвнигору ҳунарманд Ҷамшеди Ҳалим, шоири мардумӣ Хайриддини Хайрандеш ва дигарон перомуни мавзӯи сил ибрози андеша карданд. Аз ҷумла овозхони маҳбуб Нозияи Кароматулло пайвастани худро ба муборизаи умумиҷаҳонии хотимаи бемории сил эълон дошта, иброз намуд, ки: – “Орзу мекунам, донишу ақидаи мо дар бораи сил то ҷое бирасад, ки доғгузориву таънаву табъизи беморони сил дар гузаштаҳо боқӣ монаду бас. Бигзор, шарафу номуси тоҷиконаи мо омили хотимаи ҳарчи зудтари сил дар Тоҷикистони азизамон гардад. Нест бод сил!”

Мавзӯи “Истифодабарии воситаҳои баҳогузории доғгузорӣ (стигма) дар атрофи бемории сил”-ро Саъдулло Сайдалиев, узви раёсати ҲБСТ матраҳ намуда, дар ин бора ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Аз таъсиси торнамои Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” (www.stoptb.tj) ва ифтитоҳи расмии он Эҳсон Турсунов, корманди иртибототи ҲБСТ иттилоъ дода, аз шарикон ва намояндагони васоити ахбори омма хоҳиши ҳамкорӣ кард.

Дар анҷоми нишасти корӣ Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар мавриди имконоти ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои дар самти сил фаъолияткунанда ва мутахассисони алоҳида ибрози назар карда, бори дигар ҳозиринро ба кӯшиши дастҷамъона баҳри хотимаи сил даъват намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065