Нишасти матбуотӣ: рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд (АКС)

Нишасти матбуотӣ: рӯзноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд  (АКС)
Феврал 06
15:25 2020

Имрӯз, 6 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустӣ ва доираи васеи намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии вазоратро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришударо ҳамчун соли бобарору пурмаҳсул ҳисоб менамояд, зеро, дар давоми он як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихии фаромӯшнашаванда ба амал омада, таҳлили амиқ ва баҳогузории нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ дар интиҳои сол -26 декабри соли 2019 зимни паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Дар баробари дастовардҳои дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар тамоюли беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ, аз ҷумла дарозумрӣ, нишондиҳандаҳои умумии фавт, хусусан фавти кӯдакони синни то панҷсола, беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори соҳа тавассути ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қайди саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон, нисбат ба солҳои пешин ва рушди ҳифзи солимии модарону кӯдаконро ҳамчун дастовардҳои назаррас қайд намудани Роҳбари давлат боиси фараҳмандию хурсандии кормандон гардид.

– Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар аввали соли 2019 як қатор санадҳои муҳим ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла 2 январи соли 2019 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии табибон, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва корхонаҳои хизматрасонӣ, ки бинобар риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию зиддиэпидемикӣ боиси мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам гардидани аҳолӣ ё марги инсон шудаанд, инчунин, пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ ва ба стандартҳо ҷавобгӯнабуда, инчунин, дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта машғуланд, равона гардидаанд. Бо тағйироти дигари ба Кодекси ҷиноятӣ ворид кардашуда, ҷавобгарӣ барои қасдан мубталои ВНМО гардонидани шахси дигар  пурзӯр  карда шуда,  масъалаҳои вобаста ба савдои одамон танзими ҳуқуқии худро ёфтанд,-афзуд Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мунтазам роҳбарияти давлат ба рушди маблағгузории соҳаи тандурустӣ диққати хоса дода, давра ба давра онро зиёд менамояд. Дар ин муддат буҷети соҳаи тандурустӣ 25 маротиба афзоиш ёфта, музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ низ зиёда аз 19 маротиба баланд карда шудааст. Ҳамзамон пардохти саривақтии музди маош, кӯмакҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо таҳти назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қарздории пардохти ин маблағҳо, ҳамзамон беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ чораҳои бетаъхир андешида шуда истодаанд.

Қайд  гардид, ки  соли сипаригашта чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо вируси норасоии масунияти одам, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ, 20-солагии вориднамоии тибби оилавӣ, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Шӯро оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» (Саммит – 9)» гузаронида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2020 115005 кормандон, аз ҷумла занон 82000 нафар фаъолият дошта, шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ 111143 (занон – 78911 нафар) ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ 3862 (занон – 3089) нафар мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ кормандони умумии тиббӣ 94857 нафар буда, дар сохтори онҳо шумораи умумии табибон 19085 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ 53991 нафар ва кормандони хурди тиббӣ 21781 нафар, инчунин, кормандони дигар 16286 нафарро ташкил намудаанд. Нишондиҳандаҳои таъминотнокӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба 10 000 аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутаносибан 20,9 ва 59,1 – ро ташкил менамояд.

Дар соли 2019 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 9811 нафар кормандони тиббии ҷумҳурӣ бо таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шудаанд.

Бояд қайд кард, ки соли 2019 тибқи фармоиши вазорат тақсимоти 1565 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ординатураи клиникӣ, интернатура ва магистратура, инчунин, 168 донишҷӯёни факултетҳои «Кори табобатӣ», «Кори тиббӣ – ташхисӣ» – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногун гузаронида шуд.

Айни замон дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ 49 160 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд, ки аз инҳо 1797 нафарашон дар гурӯҳҳои мақсадноки назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳо мебошанд. Соли 2019 коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриро 10 612 нафар донишҷӯён хатм карданд, ки аз ин шумора 1183 нафарашон аз гурӯҳҳои мақсаднок мебошанд.

Дар маҷмӯъ, соли 2019 бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар 250 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода, аз ҷумла 125 марказҳою бунгоҳҳои саломатии нав сохта, ба истифода супорида шуданд. Инчунин, 50 шӯъбаҳои беморхонаҳои ноҳиявӣ аз таъмир бароварда шуда, 10 беморхонаҳои гуногун сохта, ба истифода супорида шуданд. 693 ҳуҷраҳо барои гузаронидани хатна, ҳамзамон 100 катҳои таваллудӣ  ташкил гардидаанд. Инчунин, 4 корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва молҳотиббӣ аз гиёҳҳо ва ашёи ватанӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти муассисаҳо бо нақлиёти санитарӣ ва маводу асбобҳои ташхисию табобатӣ дар соли 2019 дар маҷмӯъ 150 нақлиёт, аз ҷумла 75 нақлиёти ёрии тиббӣ; зиёда аз 80 автоклавҳо барои безараргардонӣ, 50 ҳазор тестҳои оҷилӣ харидорӣ карда шуданд. Инчунин, бо 320 номгӯи таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон 72 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон аз ҳисоби лоиҳаҳо барои дастрас намудани 90 нақлиётҳои ёрии таъҷилии ҳозиразамон, 2 адад госпиталҳои сайёр, 5 клиникаҳои мобилӣ, 4 адад ташхисгоҳҳои сайёри дар автомашинаҳои КАМАЗ насбшуда, аз ҷумла 2 адад флюорографҳои сайёр, 2 адад ташхисгоҳҳои сайёр маблағҳои грантӣ ҷалб гардиданд.

Давоми соли сипаригашта ба 116 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва 46 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, инчунин, ба 7 нафар беморон амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд. Аз ҷумла ба 126 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст (аз ин шумора 28 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 27 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 20 нафар аз Исроил ва 15 нафари боқимонда аз дигар давлатҳои хориҷӣ мебошанд).

Дар ин давра дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 179942 оилаҳои камбизоат ва 115276 кӯдакони мактабхон аз чунин оилаҳо зери ғамхории доимӣ фаро гирифта, ба онҳо дар ҳаҷми умумии 74 миллиону 97 ҳазору 300 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд. Ба 12 729 нафар пиронсолону маъюбони барҷомонда ва кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида, 9420 нафар маъюбон бо маҳсулотҳои протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон дар ҳаҷми 5 миллиону 542 ҳазору 170 сомонӣ таъмин гардидаанд.

Соли 2019 дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 980 ҳазор беморон бистарӣ гардида, ба онҳо 280 ҳазор ҷарроҳиҳои гуногун, аз ҷумла ба 19 ҳазор ниёзмандон тавассути 88 намудҳои нави муосир ҷарроҳиҳо гузаронида шуда, ба ин васила шумораи умумии беморони берун аз кишвар табобатгиранда то 80 фоиз коҳиш ёфт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 25 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи 34 комиссияҳои байниҳукуматӣ ҳамкориҳоро идома дода истодааст.

Тавассути маблағҳои инвеститсионии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бонкҳои умумиҷаҳонӣ, олмонии рушд, осиёии рушд, исломии рушд, агентиҳои байналмилалии рушд ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Федератсияи Россия, Япония, Швейтсария, Туркия зиёда аз 72 иншоотҳои тандурустию иҷтимоии ҳозиразамон сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонида шуда, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамин тавр, зимни баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон Насим Олимзода оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар самтҳои  дигари соҳа низ ба ҳозирин маълумот дод.

Баъд аз анҷоми маърӯзаи ҳисоботии  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода намояндагони ВАО-и давлативу хусусӣ ва хориҷӣ ба саволҳои сершумори худ аз ҷониби роҳбарияти вазорат, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева ва дигар масъулини соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд.

Роҳбари гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон  Саиди Ҳайдар пеш аз саволгузорӣ “Сипоснома”-и маркази мазкурро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода тақдим намуда, изҳор дошт, ки зимни як назарсанҷии гузаронидашуда аз ҷониби ин марказ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Беҳтарин вазорат” ва Насим Олимзода “Беҳтарин вазир” дар ҷумҳурӣ эътироф гардиданд.

Саиди Ҳайдар, роҳбари гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баъдан вобаста ба вазъи беморони қанд ва афзоиши теъдоди олимони соҳаи тандурустӣ савол дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ба саволи мазкур чунин посух дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 46258 нафар гирифторони бемории қанд ба қайд гирифта шудаанд, ки 56 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд ва аз миқдори умумӣ 7877 нафар аз инсулин вобаста мебошанд.

Абдураҳмон Раҳмонов аз хабаргузории “Авесто” дар бораи сирояти коронавирус, вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Вуҳани Чин ва нафарони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда савол дод. Вобаста ба саволи мазкур чунин иттилоъ дода шуд, ки айни замон 645 шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин  шумора 47 нафарашонро шаҳрвандони кишвари Чин ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки масъалаи ба ватан баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари Чин зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамзамон, вобаста ба масъалаи мазкур гуфта шуд, ки миёни ин шахсон  то ҳол  ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ корҳои пешгирӣ ва чораҳои омодабоширо ҳаматарафа амалӣ намуда истодааст.

Зикр гардид, ки ҳоло дар 27 гузаргоҳи наздисарҳадии калону хурд масъулон бо ҷалби мутахассисони тиббию санитарӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд. Инчунин, дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ки равуои шаҳрвандон асосан тариқи онҳо сурат мегирад, таҷҳизоти ташхисии зарурӣ, ба монанди тепловизорҳо ва термосканерҳо насб карда шудаанд ки ҳар як шаҳрванди аз хориҷи давлат ба Тоҷикистон воридгардида тавассути онҳо санҷида мешавад.

Инчунин, вобаста ба вазъи соҳаи стоматология дар мамлакат Мутриба Тӯйчизода аз маҷаллаи “Тоҷикистон” савол дод. Оид ба масъалаи мазкур посух дода шуд, ки соҳаи дандонпизишкӣ дар мамлакат масъалаи мубрам набуда, имрӯз соҳаи тандурустии кишвар бо дандонпизишкон пурра таъмин мебошад.

Аз ҷониби хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Бузургмеҳри Баҳодур оид ба баъзе мушкилоти Маркази саломатии модару кӯдак дар ноҳияи Деваштич саволгузорӣ шуда, ҳамчунин, аз ҷониби ӯ пешниҳод гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ихтисосҳои нав роҳандозӣ карда шаванд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба хизматрасониҳои пулакӣ, бемориҳои сил, гиёҳдармонӣ, вазъи таваллуд ва хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳо, таблиғот оид ба пешгирии ВИЧ/СПИД ва нашъамандӣ  саволҳо дода, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмӯъ рӯзноманигорон аз нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 113
  • 392
  • 244,931