Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ
Июл 09
10:45 2015

8 июли соли 2015дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз 16 июни соли 2015, ки аз ҷониби РоҳбариДастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ шудаастнишасти матбуотӣоид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи тандурустӣва ҳифзи иҷтимоӣдар нимсолаи якуми соли 2015 бо иштироки беш аз 30 нафаррӯзноманигорони дохиливу хориҷӣбаргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазоратитандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони хадамоту раёсатҳо ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣиштирок намуданд. Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ(резаахбор) оид ба фаъолияти Вазорати тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 дастрас карда шуд.Ба ҳозирин аз ҷониби вазири тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода доир ба фаъолияти сохторҳои вазорат оидитатбиқи дастурусупоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин,вазъи соҳа ва нақшаҳои ояндаи онҳо маълумоти муфассалпешниҳод гардид. Дар баробари ин маълумот, рӯзноманигорон имкон доштанд ба саволҳои зиёди худ аз ҷониби вазир, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи маорказӣ, марказҳои ҷумҳуриявии шифоиву ташхисӣ ҷавобҳои мушаххас пайдо кунанд.

Таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон бештар ба мавзӯъҳои ҳифзи солимии модару кӯдак, ҷорӣ кардани роҳҳои наву муосири ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустӣ, натиҷаи амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар кишвар ва дастовардҳои табибон дар Маркази миллии илмию клиникии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, вазъи гирифторони ВНМО ва имконияти ташхису табобати онҳо, ваъзи бемориҳои сироятӣ дар фасли гармо, назорати вазъи санитарию эпидемиологии кӯлҳо ва истироҳатгоҳҳои тобистона, имконияти табобату ташхиси гирифторони бемори сил, дастгирии буҷавӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва самтҳои асосии истифода гардидани он дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва масоили дигари соҳа равона шуда буд ва онҳо аз роҳбарияти вазорат ба савол худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Иштироки масъулони соҳа ба рӯзноманигорон имконияти хубе дод, ки ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои аниқ ва муфассал гирифта, ҳамзамон дар поёни нишаст оид ба самтҳои гуногуни ташхису табобат бевосита бо масъулони соҳаҳои дахлдор ҳамсӯҳбат шаванд.

Барои боз ҳам беҳтару самараноктар гардидани нишастҳои матбуотӣ хуб мешуд рузноманигорон бо тайёрии пухта ва бо саволҳои мушаххас иштирок кунанд. Баъзе аз иштирокчиён ҳатто махсус барои ҳаллу фасли масоили шахсии худ бо истифода аз номи воситаҳои ахбори омма меоянд. Аз як расонаи хабарӣ ширкат кардани 3-4 нафар рузноманигор дар нишаст исботи ин гуфтаҳост.

Дар фарҷоми сӯҳбат аз ҳамкорӣ бо аҳли қалам изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббии мардуми кишвар ва ҳамкорӣ дар самти амалисозии ислоҳоти соҳа саҳмгузор бошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 235
  • 323
  • 17,044