Ниёзмандону маъюбон зери назорати доимӣ қарор доранд

Ниёзмандону маъюбон зери назорати доимӣ қарор доранд
Июл 06
12:29 2018

Имрӯз бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии” шаҳри Ҳисор сафарбар гардиданд.

Дар чорабинии мазкур бошандагон ва табобатгирандагони  “Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии” шаҳри Ҳисор аз ташхис ҷиҳати муайян намудани касалии рӯҳӣ гузаронида шуда,  дар рафти он ҳамзамон ба  бошандагони хона-интернати мазкур зиёфати идона ташкил гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ намояндагони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии  Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз доштанд, ки ин иқдом дар дираи таҷлили «Рӯзи маъюбон» бо дастури роҳбарияти Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Маврид ба таъкид аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 08 июл  «Рӯзи маъюбон» таҷлил карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки айни замон дар “Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии” шаҳри Ҳисор  241 ба табобат ва сарпарастӣ қарор гиирифта шудаанд, ки аз онҳо 125 нафарашон зан ва боқимондаро тоифаи мард шакил додааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 228
  • 314
  • 180,296