Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда қобилияти бештари муҳофизат аз коронавирусро доранд

Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда қобилияти бештари муҳофизат аз коронавирусро доранд
Март 02
12:26 2020

Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Вале, дар мавриди истифодаи ниқобҳои тиббӣ мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ки ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками  муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он  метавонад бемамониат аз он гузарад.

Аз ин рӯ профессор Саидбек Сатторов иброз медорад, ки  ба харидории  ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад.

Бино ба тавсияи номбурда, истифодаи  ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад.

«Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта  вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро  зиёд менамояд.  Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири  вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем», — гуфт профессор.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид зикр намудааст, ки  ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус  ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд.  Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз шудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда риоя карда шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 325
  • 1,189
  • 279,325