Номаи сипоси Сюзан Лок ба табиби тоҷик

Номаи сипоси Сюзан Лок ба табиби тоҷик
Январ 08
12:14 2020

Як нафар шаҳрванди кишвари Австрия бо номи Сюзан Лок, ки ба ҳайси сайёҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бинобар беморӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд табобат гирифтааст,  ба унвони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос ирсол намуд. Номаи ин сайёҳро ин ҷо нашр мекунем:

“Иҷозат диҳед худро шинос намоям. Номи ман Сюзан Лок буда, аз шаҳри Мелбурни кишвари Австралия мебошам. Бояд бигӯям, ки қаблан ба ҳайси директори  мактаб  фаъолият намуда, айни замон нафақахӯр мебошам. Маротибаи аввал тирамоҳи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудам. Ман саёҳатчии ботаҷриба мебошам ва ба саросари ҷаҳон, чӣ дар замони кориам ва чӣ дар замони  дар нафақа буданам ба кишварҳои олам сайру саёҳат кардаам.

Бояд бигӯям, ки мутаассифона, ҳангоми  ба шаҳри Хуҷанд омаданам дар шикамам дард пайдо шуд. Дарди шикам торафт зиёд гардид ва маълум шуд, ки ин  вазъ ҷиддӣ аст. Рӯзи дигар маро дар беморхонаи №1-и шаҳри мазкур, ки он ҷо чанд рӯз хоб кардам,  бистарӣ намуданд. ЭКГ равшан нишон дод, ки ин дард ба қалб рабт надорад. Дарди ҷонкоҳ давом мекард ва истифодаи мунтазами доруҳои рафъи дардро тақозо менамуд. Шаби дигар бо ташаббуси сардори шӯъбаи терапияи беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд доктор Маҳкамбой маро ба шӯъбаи терапияи интенсивӣ гузарониданд. Он ҷо ман табобати дарунӣ мегирифтам ва зери назорати доимӣ қарор доштам. Ба ман ташхиси вазъи ногаҳонии ғадуди зери меъда гузошта шуд.  Бо чунин вазъи ҷиддӣ интиқоли ман ба беморхонаи шаҳре, ки беҳтар муҳаҷҷаҳазонида шудааст, масалан,  ба шаҳри Душанбе  ғайриимкон буд. Дардам сахт буд, бинобар ин, будан дар шаҳри Хуҷанд барои идома додани табобат муҳим буд.

Дар ин муддат ман ва ҳамсафарам ба тарҷумони маҳаллӣ аз ширкати «Саёҳати Машриқ», ки роҳбарияшро Ҳусейн Исматуллоев бар уҳда дорад, дар иртибот будем. Мо дастгирӣ ва кӯмаки беинтиҳои ин ширкатро қадр мекунем. Тайи муддате, ки дар беморхонаи мазкур бистарӣ будам, маро бо некӣ ва ғамхорӣ табобат карданд. Кормандони беморхона тамоми нерӯ ва тавоноияшонро барои табобати ман сафарбар карда буданд ва ман аз номи худам ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ менамоям. Аз ҷумла, мехоҳам касбият ва таҷрибаи табиб Маҳкамбойро махсус зикр намоям, зеро ӯ маро ба шӯъбаи худ қабул кард ва шахсан табобати маро зери назорат қарор дод. Эҳтироми ман ба ӯ ва ҳайати кормандонаш беҳудуд аст.

Хушнудам, ки фаъолияти кормандони тибби шуморо дар ватанам ва дар сафарҳои баъдӣ таҳсин мехонам.

Ман меҳмони мамнуни шумо боқӣ хоҳам монд”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 336
  • 695
  • 244,762