ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН МАВОД”

ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН МАВОД”
Ноябр 14
06:32 2018

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии  масунияти одам ба муносибати Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳамкори бо Барномаи ҳамоҳангсози созмони Миллали муттаҳид бо вируси норасои одам ва бемории пайдошудаи масуният санаи 1 декабр озмуни “Беҳтарин мавод”-ро барои кормандони васоити ахбори омма эълон менамояд.

Шартҳои озмун:

  1. Ролики беҳтарин оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО (давомнокиаш аз 30 то 50 сония).
  2. Беҳтарин мақола оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО дар матбуот дар ҳаҷми 2 саҳифа бо шрифти 14 ё дар сомонаи интернети.
  3. Беҳтарин барномаи телевизионӣ оид ба пешгирӣ ва огоҳонидани мардум дар бораи бемориҳои ВНМО (давомнокиаш то 15 дақиқа).
  4. Беҳтарин барномаи радиоӣ оид ба пешгирии бемориҳои ВНМО (давомнокиаш то 15 дақиқа).

Эзоҳ: Бартарият ба он маводе дода мешавад, ки дар он роҳҳои мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО нишон дода шуда бошад, иттилоотонии мардум дар мавриди ин беморӣ инъикос гардида бошанд, рўзгори гирифторони бемориҳои ВНМО нақл шуда бошанд, кам кардани тамғагузорӣ ва тамъиз дар онҳо нишон дода шуда бошад.

Ба озмун мавод бояд баъди нашр, чоп ва ё пахш дар ВАО пешниҳод карда шавад то санаи 28 ноябри соли 2018.

Озмун дар арафаи таҷлили Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи бемориҳои ВНМО аз тарафи баргузоркунандагон ҷамъбаст карда ғолибон бо туҳфаҳои арзанда ва сертифакат сарфароз гардонида мешаванд.

Барои ҳар як номинатсияи озмун се ҷойи ифтихорӣ- ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм муайян гардидаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 234
  • 233
  • 109,370