Озмун

Март 06
11:46 2014

Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои беҳтарин мавод дар васоити ахбори оммаи электронӣ ва чопӣ, дар  мавзӯи «Пешгирӣ ва дарёфти саривақтии  бемории сил дар байни аҳолӣ» озмун эълон мекунад. Дар озмун аз рӯи чаҳор  номгӯ; барномаҳои телевизионӣ, радиоӣ, сомона ва чопӣ маводҳое, ки аз 10.03.2013 то 10.03.2014 тариқи эфир пахш шудаанд ва ё дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расидаанд,  қабул карда мешаванд. Барои барномаҳои телевизион ва радио тасдиқномаи роҳбарияти расона дар хусуси рӯзи пахш, барои сомонаҳо ва ҳафтаномаву маҷаллаҳо нусхаи чопӣ зарур аст.

Маводҳоро метавонед то соати 17.00 рӯзи 14.03.14 ба Лоиҳаи «Тандурустии босифат» ва ё  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод кунед.

Барои тамос:
Анҷир Элназарова 93 488 04 19
Фотима Ғоибова 44 600 60 02

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=