Омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ҷиҳати гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ

Омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ҷиҳати гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ
Октябр 10
15:03 2018

Имрӯз дар толори маҷлисии бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ҷиҳати гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ вохурии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти баргузории ҷамъомад Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирҳумиддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои ниҳоди мазкур ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки вохурии мазкур дар доираи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2018 оид ба омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ дар вазорату идораҳо ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодасозии лоиҳаи Қонун   “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” зарурат ва дурнамои татбиқи он дар кишвар муфассал суханронӣ намуданд.

Дар навбати худ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фарқияти хизматрасониҳои давлатӣ аз дигар хизматрасониҳо ва ҷой додани тафовути он дар лоиҳаи  Қонун   “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” фикру ақоиди худро байён намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мақсад аз баргузории ҷамъомади мазкур ин ба таври комил, инчунин ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир омода сохтани лоиҳаи Қонун   “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” ва дар заминаи он беҳбуд гардонидани рӯзгори мардум равона гардидааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 221
  • 233
  • 109,357