Осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ба мавсим омодагӣ мегиранд

Осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ба мавсим омодагӣ мегиранд
Март 19
10:37 2019

18 марти соли равон дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорат оид ба масъалаҳои омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фаъолияти осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо дар ин самт таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ А. Холзода, сардорони шуъбаҳои дахлдори Вазорат, Агентӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони осоишгоҳҳо ва дигар масъулон ширкат варзиданд.

Нахуст дар ҷаласаи мазкур сардори шўъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорат, Соима Муҳаббатова дар бораи омодагӣ ба мавсими навбатии табобати санаторию курортӣ дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фаъолияти осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар ин самт  маълумот дод. Ӯ  дар баромади хеш қайд намуд, ки айни замон дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якчанд муассисаҳои махсусгардонида шуда фаъолият менамоянд, ки инҳо санаторияи “Авҷ”дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, Муассисаи давлатии “Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кўдаконаи “Қаратоғ”, Муассисаи давлатии “Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кўдаконаи дилу тарбодии “Ҳушёрӣ”, Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии  собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб», Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дўстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун», Муассисаи давалтии «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и  шаҳри Ваҳдат», Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалаъа (Занинс)» мебошанд.

Ғайр аз ин, барои таъмини табобати санаторию курортӣ, барқарорсозии саломатии  иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 200-250 адад роҳхатҳо ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди “Баҳористон”, “Хоҷа Обигарм”, “Оби Гарм”, “Зумрад”, “Шоҳамбарӣ”, “Ҳавотоғ” ва монанди инҳо харидорӣ гардида, дастраси онҳо гардонида мешаванд.

Ба баъзе мушкилоти молиявӣ нигоҳ накарда, таъмин намудани имтиёзҳои амалкунанда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола беҳтар гардида истодааст,- изҳор намуд ӯ.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҳар сол барои харидорӣ намудани роҳхатҳои санаторию курортии сатҳи ҷумҳурӣ 333 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки қисмати зиёди он барои ветеранҳои ҷангу меҳнат равона карда мешаванд. Чунончи, соли гузашта 209 нафар имтиёздорон аз ҷумла, маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва нафақахўрон барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар осоишгоҳҳои ҷумҳуриявии болозикр  ба табобати санаторию курортӣ фаро гирифта шуданд.

Айни замон дар тамоми осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо тайёрӣ ба мавсими имсола рафта истодааст.

Пас аз гузориши ӯ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед оид ба мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта пурсон гардид. Ӯ таъкид намуд, ки бояд талошу кӯшишро барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, зиёд кардани иқтидори осоишгоҳҳо равона сохт.

Сипас, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Набиҷон Ҷўраев оид ба вазъи омодагиҳои осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо дар мавсими нави имсола гузориш дод.

Омода намудани ҳайати кории кормандон ба мавсими истироҳатӣ ва гузаронидани кормандон аз муоинаи тиббӣ моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом расонида мешавад,- гуфт ӯ.

Дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ  ҳоло аз рўи  табобатҳои гуногун, аз ҷумла табобат бо обҳои табиӣ, табобати физиотерапевтии барқӣ, лойгузорӣ, парафин, озекрит, ваннаҳои сиркулярӣ, маҳс, сўзандармонӣ, табобат бо маҳлули тахач, муми куҳӣ, масҳи обӣ, буғи хушк, қумдармонӣ ва ғайра хизмат расонида мешавад.   Дар ҳамаи муасиссаҳо  фито-барҳо  ташкил карда шуда,  аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ барои истироҳаткунандагон  нӯшокиҳои    давобахш  омода мешаванд. Ҳамзамон, дар муассисаҳо ҷамъоварӣ ва захираи гиёҳҳои  шифобахш ба роҳ монда шудааст.

Тибқи гуфтаи Н. Ҷӯраев дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имсол меъёри хўрока барои бошандагони истироҳатгоҳҳо 20,07 сомонӣ ва барои осоишгоҳи Харангон 21,25 сомонӣ ба як нафар дар як шабонарўз тасдиқ гардидааст.

Мувофиқи нақша дар мавсими истироҳатии соли ҷорӣ  бо назардошти имкониятҳои молиявӣ 1780 адад роҳхатҳои ройгон барои имтиёздорон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ҷудо карда мешавад. Аз  ҷумла, дар муассисаҳои давлатии истироҳатгоҳи  «Дўстӣ» дар 7 баст (520 нафар), Ромит дар 7 баст (350 нафар), Харангон дар 8 баст (520 нафар) ба муддати 18 рўзӣ, Истироҳатгоҳи «Бибӣ Фотимаи Заҳро» – и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар 7 баст (420 нафар) ба муддати 12 рўзӣ ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмўъ, имконияти истироҳатгоҳҳо дар як баст 245 кат-ҷойро ташкил менамояд.

Н. Ҷӯраев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин иброз намуд, ки ҳоло корҳои ободонӣ пурзӯр карда шуда, ба муносибати Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буклетҳо ба чандин забон нашр карда шуда, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар осоишгоҳҳо ташкил карда шудаанд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулон дастур дод, ки иқтидору ҳудуди осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо, миқдори катҳо, вазъи хоҷагиҳои ёрирасоне, ки дар назди онҳо амал мекунанд, бори дигар санҷида, омӯхта шаванд. Санадҳои меъёрии онҳо баъди ин санҷишҳо бори дигар омӯхта шуда, дар ҳоли зарурат ба онҳо тағирот илова карда шаванд, дар мувофиқа бо вазоратҳои дигар ба хотири рушду инкишофи осоишгоҳҳо таклифу дархостҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шаванд. Фаъолияти баъзе аз осоишгоҳҳо аз  ҳолати мавсимӣ ба доимӣ гузаронида шаванд, зеро имрӯз ин гуна талабот пеш омадааст.

Садори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонов низ дар робита ба масъалаҳои осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ҳарф зада, иброз намуд, ки ҳоло лоиҳаи осоишгоҳи “Харангон” барои доимӣ амал намудан омода аст ва ба ҳукумат пешниҳод карда хоҳад шуд.

Дар охири ҷаласа муовини вазир Шодихон Ҷамшед бо истифода аз Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ обод намудани осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳоро самти муҳим арзёбӣ намуда, ба роҳбарони онҳо ва шахсони  масъули Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва вазорат супоришҳои мушаххас дод ва таъкид намуд, ки иҷроиши онҳо охири сол дар ҳайати мушовараи Вазорат таҳлил ва баррасӣ карда мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 180
  • 231
  • 173,845