Оғози Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))

Оғози Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))
Апрел 19
14:33 2019

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар самти беҳтаркунии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №1169 “Дар бораи Лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардид.

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2019, №1300 ратификатсия гардида, 27 марти соли 2019, №5-5-360 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, аз ҳамин рӯз эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст.

Амалисозии лоиҳаи мазкур аз 29 марти 2019 оғоз гардида, он бояд то 31  августи соли 2025 татбиқ карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки мақсадҳои асосии Лоиҳа беҳтаркунии хизматрасонии ҳамгироишуда дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон тавассути беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавӣ, вориднамоии системаи самараноки интиқоли беморон байни муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо, ҳамгироии барномаҳои амудӣ ба сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, мукаммалнамоии системаи беҳтаркунии муттасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ ва таъсиси системаи назорати сарпарастӣ, инчунин, вориднамоии маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои табобат дар беморхонаҳои ноҳияҳои ҳадафнок, мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон ва таъмири иншоотҳо, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии истифодаи таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиха равона карда шудааст.

Тибқи нақша дар давоми амалисозии лоиҳа ҳама самтҳои соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаро гирифта, шакли хизматрасонии тандурустии мукаммали намунавӣ барои истифода дар таҷриба ҳангоми ислоҳот дар дигар ноҳияҳо таъсис дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки тамоми фаъолияти Лоиҳа дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои Бонки осиёии рушд амалӣ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 332
  • 352
  • 188,482