Оғози мусобиқаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ

Оғози мусобиқаи варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ
Июл 02
08:52 2018

Санаи 30 июни соли равон дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, маросими ботантанаи кушодашавии варзишгоҳи муассисаи мазкур баргузор гардид.
Варзишгоҳи зикргардида бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар расми кушодашавии варзишгоҳи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикристон “Шифобахш”, инчунин расми оғози мусобиқаи дувоздаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардона ва мусобиқаи шашуми волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Иқдоми мазкур дар доираи тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ – «Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», “85 солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷашни 27 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.
Дар расми баргузории чамъомади мазкур Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли ҷамъомадагонро ба мавриди истифода қарор гирифтани чунин як варзишгоҳи бошукӯҳ таҳният гуфта, иштирокдорони чорабиниро ба оғози мусобиқаи дувоздаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардона ва мусобиқаи шашуми волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Мирҳамуддин Камолзода, зимни суханронии худ аз ҷумла иброз намуд, ки; “Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо варзиш дар Тоҷикистон оммавӣ гашта, дар заминаи он солимии аҳолӣ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин радиф Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиккистон, ки самти аслии фаъолияташ бевосита ба солимии аҳолӣ ва љорӣ намудани усулҳои тарзи ҳаёти солим равона гардидааст, ҳамасола миёни кормандони муассисаҳои зертобеи худ чорабиниҳои варзиширо ба роҳ мемонад”.
Мирҳамуддин Камолзода, ҳамзамон зимни суханронии худ дар рафти мусобиқа ба иштирокчиёни он бурдорӣ ва комёбиҳо таманно намуд.
Маврид ба таъкид аст, ки мусобиқаи дувоздаҳуми футболи хурд миёни дастаҳои мардона ва мусобиқаи шашуми волейбол байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июн оғоз гардида, то ба санаи 04 августи соли равон идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 100
  • 392
  • 244,918