Оғози “Рӯзҳои иммунизатсия бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон”

Май 15
09:57 2017

Имрӯз дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи  “Рўзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид. Нахуст ин чорабинӣ аз  нишасти хабарии рӯзноманигорон бо масъулони соҳаи тандурустӣ оғоз гардида, расман дар  Маркази саломатии шаҳрии рақами 9 пойтахт бо иштироки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарони дафтари  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва шарикон оид  ба рушд кушода шуд. Ин маъракаи муҳим, ки бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар кишвар  мебошад, аз 15 то 26 майи соли равон идома хоҳад дошт. Танҳо дар ҳамин Маркази саломатии рақами 9 шаҳри Душанбе беш аз 11 ҳазор аҳолӣ ва дар маркази саломатии рақами 14 бошад беш аз 12 ҳазор кӯдакони синни 1 то 9 сола бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд. Имрӯз падару модарон бо дарки масъулияти баланд фарзандони худро ба марказҳои саломатии ҷои истиқомати худ оварда, сари вақт онҳоро аз иммунизатсия гузаронида истодаанд. Ҳамзамон ин чорабинии муҳим дар тамоми муассисаҳои томактабӣ ва мактабии шаҳру ноҳияҳо шурӯъ гардида, дар баробари ин шаҳрвандонро лозим аст, ки ба муассисаҳои ҷои истиқомати худ муроҷиат намоянд, то ки кӯдаконашон сари вақт ва босифат аз ин ваксина баҳравар гарданд.

Ёдовар мешавем, ки  тибқи натиҷаи банақшагирии хурд дар давоми Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 969 ҳазору 124 нафар кўдакони синнашон аз 1 то 9 сола бо иммунизатсия фаро гирифта мешаванд, ки барои ин 2 164 500 вояи ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Иммунизатсия дар тамоми қаламрови ҷумҳурӣ ройгон аст!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 144
  • 569
  • 198,217