ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Тоҷикистон ва Туркманистон — ягона давлатҳои ОМ ва ИДМ, ки дар онҳо ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

<span class="dojodigital_toggle_title">ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Тоҷикистон ва Туркманистон — ягона давлатҳои ОМ ва ИДМ, ки дар онҳо ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст</span>
Март 26
10:23 2020

Тоҷикистон ва Туркманистон ягона давлатҳое дар Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошанд, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумлоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ — Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва Россия ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар Россия – 658 ҳолати сироятёбӣ, Арманистон – 265,  Молдова – 149,  Украина – 145, Озарбойҷон – 93, Қазоқистон — 88,  Беларус – 86,  Ӯзбекистон – 60 ва  Қирғизистон – 44 ҳолат ошкор гардид.

Дар баъзе аз ин кишварҳо афзоиши шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, мушоҳида мешавад. Масалан, дар Беларус 29 нафар, Россия – 29,  Арманистон — 16,  Озарбойҷон — 10,  Молдова — 2,  Қазоқистон – 2 ва Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зишташон баргаштаанд.

Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва дар Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Инчунин дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расид, ки ду нафари онҳо шифо ёфта, ду тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи маълумоти охир, дар байни кишварҳои Осиё, ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳолатҳои сиротяёбӣ аз COVID-19 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Яман низ ба қайд гирифта нашудаанд.

Миёни кишварҳои Африқо вирус ба Комор, Малави, Серра-Леоне, ва Сан-Томе ва Принсипе нарасидааст.

Ғайр аз он, ба гурӯҳи кишварҳои Уқёнусия, ки ягон ҳолати сирояти коронавирусро тасдиқ накардаанд, Вануату, Кирибати, Микронезия, Науру, Самоа ва Тувалу шомил мебошанд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 давлат ва ҳудуде, ки дар онҳо сироят ба қайд гирифта шудааст, гузориш медиҳад.

Ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 дар тамоми кишварҳои Америка ва Аврупо ба қайд гирифта шудаанд. 6 кишвари Аврупо дар даҳгонаи кишварҳои дорои шумораи зиёдтарини ҳолатҳои сирояти коронавирус ва 10-то дар понздаҳгона қарор доранд.

Ба ҳолати 26 март дар ҷаҳон беш аз 471 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 21 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 114 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 14 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 285 нафарро ташкил медиҳад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 74 386 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он ба 7 503нафар расид.

ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 68 489 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания – 49 515, Германия – 37 323,  Эрон – 27 017,  Франсия – 25 233,  Швейтсария – 10 897, Британияи Кабир – 9 529, Кореяи Ҷанубӣ – 9 241,  Нидерланд – 6 412,  Австрия – 5 588,  Белгия – 4 937,  Канада – 3409 ва  Норвегия – 3 100 ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 273
  • 1,189
  • 279,273