Панҷ: назорати соҳаи фарматсевтӣ пурзӯр мешавад

Панҷ: назорати соҳаи фарматсевтӣ пурзӯр мешавад
Феврал 28
11:52 2019

Дар ноҳияи Панҷ бо мақсади  пешгирии  қонунвайронкуниҳо дар соҳаи тандурустӣ вохӯрии мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ ва табибони сохтори госпиталии ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони Хадамоти  мазкур   масъалаи тағйиру иловаҳоеро, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр карда шуд, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти воридоти маводи дорувории бесифат, ба талабот ҷавобгӯй набуда ва ба фурӯш баровардани онҳо ҷазо пурзӯр карда шудааст. Аз ин хотир, масъулинро зарур аст, ки назоратро дар ин самт бештар намуда, ба сатҳу сифати хизматрасонӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Бояд гуфт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар самти хизматрасонии тиббӣ ин пешгирии ҷиноят, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Ҳамчунин дар мулоқот мутахассисони сарраёсат вобаста ба камбудию норасоиҳое, ки зимни санҷиш дар дорухонаҳои ноҳияи Панҷ ошкор гардиданд, бо мудирони дорухона суҳбат карданд. Ба мудирон тавсия дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ камбудиҳои ошкоршударо бартараф намоянд.

Бояд таъкид намуд, ки нисбати дорухонаҳое, ки дар онҳо камбудиҳо ошкор шудаанд ва ҳамчунин нисбат ба мудирони ин дорухонаҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 81
  • 444
  • 208,255