Пас аз Паём масъулияти табибон дучанд гардид

Пас аз Паём масъулияти табибон дучанд гардид
Декабр 27
14:59 2018

Имрӯз дар ҳошияи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин иштироки муассисаҳои хусусии тиббӣ ва ширкатҳои фармасевтӣ  ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа он нуктаву эродҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, баррасӣ гардид.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Насим Олимзода гуфт:

-Дар Паёми имсола низ Пешвои миллат ба солимии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, оид ба мавҷуд будани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи фаврии тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд,  ибрози назар намуданд. Инчунин дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон низ аз ҷониби роҳбари давлат масъулин вазифадор карда шуданд. Аз ин рӯ, ин таъкидҳо моро водор месозанд, ки нишондодҳои Паёми имсоларо ҳадафи аслии сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем.

Ҳамзамон, дар самти пешгирӣ намудан аз воридот, фурӯш ва истеҳсоли  маводи дорувории пастсифат, инчунин дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон низ дар Паём таъкид гардид. Ин эроду таъкидҳо мо масъулинро водор месозад, ки дар самти коҳиши ҳолатҳои мавҷуда тадбирандешӣ намоем,-изҳор дошт Н. Олимзода.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи тағйиру иловаҳо дар лоиҳаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи масъалаи мазкур Саид Давлатзода, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад намуда, гуфт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонунҳо ва пурзӯр намудани онҳо ин пешгирии воридот, фурӯш ва истеҳсоли маводи дорувории пастсифат ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ва коҳиш додани мубталошавӣ аз бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тандурустӣ иборат мебошад ва ҳар яки мо-кормандони соҳаи тиб вазифадорем, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро, ки дар ин самт амал мекунанд, риоя намоем.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муоширати кормандон бо мизоҷон, расонидани кӯмаки аввалияи фаврии ройгони тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, новобаста аз шакли моликияташон, яке аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласа ба ҳисоб мерафт.

Қобили қайд аст, ки ҳама ҷаҳду талош, амалӣ намудани нақшаву барномаҳо, ки дар ҳар Паёми роҳбари давлат ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 56
  • 202
  • 118,565