Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҳар фард аст

Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҳар фард аст
Январ 09
17:05 2019

Имрӯзҳо дар саросари кишвар вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 идома дорад. Дар доираи ин чорабиниҳо имруз дар коргоҳи гурӯҳи ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббиӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дилором Содиқова бори дигар ба ҳозири нуқтаҳои ин Паёми тақдирсозу пурмуҳтаворо шарҳу эзоҳ дода, аҳли нишастро бо Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём дарҷшуда шинос намуд. Ҳамзамон аз ҷониби ёрдамчии вазир таъкид карда шуд, ки ҳамаи нуқтаҳои баёнгардидае, ки ба самти беҳдошти сиҳатии омма ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дахл дорад, дар ҷаласаҳои кормандони соҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта сари вақт тамоми чораҳо андешида шаванд.
Ба хусус дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пардохти саривақтии маош ва дастгирии маюбону бесапарасторон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ин табақаи аҳолӣ пеш аз ҳама бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҳар яки мо қарор дошта бошанд.
“Давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ бунёд карда мешаванд”-зикр гардид дар Паёми Пешвои миллат. Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” низ барои иҷрои ин нуқтаи Паём сохтмону ба истифода додани 17 Марказҳои саломатии деҳотро бо таъмини таҷҳизоти тиббиву лавозимоти корӣ ба нақша гирифта, масъулон муаззаф гардиданд, ки сари вақт ва бо сифати баланд корҳои сохтмониву таъминотиро ба анҷом мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар дораи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияи кишвар сохтмони 37 Маркази саломатии деҳотӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 20 муассиса мавриди истифода қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 308
  • 535
  • 224,122