Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: Террористро ба худиву бегона ҷудо намудан мумкин нест

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:  Террористро ба худиву бегона ҷудо намудан мумкин нест
Май 20
11:28 2019

Тавре иттилоъ дорем, чанде қабл дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор гардид.

Дар ин конфронс  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, сиёсатмадорон, коршиносони дохиливу хориҷӣ ва вазирони корҳои хориҷии якчанд кишвари дунё иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо суханҳои пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои муфиду саривақтӣ дар ин Конфронси сатҳи баланд баромад намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар ҳоли ҳозир амалҳои  терроризми байналмилалӣ ва ифрогароӣ  пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд. Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва  терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар  боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.

Дар идомаи конфронс Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва чандин кишварҳои дигар гувоҳ аст, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму ифротгароӣ бояд дар ҳамаи сатҳҳо чораҳои муассир андешида шаванд.

Инчунин, таъкид карда шуд, ки Стратегияи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм, конвенсияҳои зиддитеррористиву зиддимухаддиротии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумӣ, инчунин, тавсияҳои ФАТФ, яъне Гурӯҳи мақсаднок оид ба тадбирҳои молиявӣ, бояд заминаи муборизаи дастҷамъона алайҳи терроризм ва манбаъҳои маблағгузории онро ташкил диҳанд.

Дар идомаи суханронии пурмуҳтавои хеш Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки зарурати таъсисёбии гурӯҳи хоссаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои “Масири шимолӣ” бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷалби коршиносони марбута ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин масир ба миён омадааст.

-Мо дар ин росто,  бо дарназардошти таҷрибаи андӯхтаамон дар роҳи мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, пешниҳод намудем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай Маркази зиддимухаддиротии он дар шаҳри Душанбе таъсис ёбад,-афзуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат, воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зидди ин зуҳуроти харобиовар тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд.

-Дар робита ба ин  қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои  дугона” дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шавад.

Террористро ба худиву бегона, ислоҳотхоҳу тундгаро ва неку бад ҷудо намудан мумкин нест.

Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро  намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад,- махсус таъкид намуданд Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар ин Конфронси сатҳи баланд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар самти муборизаи самарабахш бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ шарики табиии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор буд ва боқӣ мемонад.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки тайи солҳои охир пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, баргузории конфронс ва нишасту ҷамъомадҳои аҳамияти умумимиллӣ дошта, обру ва мартабаи кишварамонро дар дунё боз ҳам баландтар мебардоранд.

Баргузории чунин конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе аз он далолат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир дар канор нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани чунин як Конфронси сатҳи байналмилалӣ бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб даъват намуд.

Кишвари маҳбуби мо имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъол ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба монанди норасоии оби ошомиданӣ ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шинохта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои солҳои 2013-2020 қабул карда, дар марҳалаи баанҷомрасонии онҳо қарор дорад.

Дар воқеъ, терроризм ва экстремизм  айни ҳол аз хавфноктарин падидҳои номатлуби аср барои сулҳу оромии сокинони ҷаҳон ба шумор мераванд.

Қатлу куштор ва хунрезиҳои шадид дар як қатор минтақаҳои олам худ далели раднопазири онанд, ки терроризм ва экстремизм душмани башарият ба ҳисоб рафта, инсон дар назди чунин гурӯҳҳои хатарзо заррае ҳам қадр надорад.

Маҳз дар пайи амалҳои номатлуб ва даҳшатафкани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, кӯдакони бешумор ятим мемонанд.

Дар пайи ҳузури чунин гурӯҳҳои берун аз чаҳорчубаи инсоният дар як қатор минтақаҳои олам амалкунанда имрӯзҳо ҳазорон оилаҳои осоиштаву хушбахт ба гирдоби мотам мепечанд, модарон дар ҳасрати фарзанд ва фарзандон дар ҳасрати волидон хуни дил мехуранд.

Арзандаи шукргузорист, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо бузургтарин неъматҳои давлатдорӣ-сулҳу оромӣ ва ваҳдати комилро дорад ва сокинонаш дар сояи амну осоиш умр ба сар мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ангӯштшумортарин кишварҳои олам ба шумор меравад, ки сулҳу суботи комил дар он ҳукмрон буда, касе ин ҷо ба ҷонаш заррае хатарро эҳсос намекунад.

Бо назардошти ин омил, чандин маротиба зимни назарсанҷиҳои ниҳодҳои байналмилалӣ аз рӯи бехавф ва амн будан барои сайёҳони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олам мавқеъҳои хеле намоёнро касб намудааст.

Бинобар ин, имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани  ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои бузург баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад.

Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем.

Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази  талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омили манфие онро халалдор созад.

 ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 302
  • 352
  • 188,452