Пешвои миллат: «Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад»

Пешвои миллат: «Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад»
Июн 15
11:48 2019

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввали  суханронӣ  дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО таъкид  намуданд, ки: «Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд».

Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки  баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад.

Президенти мамлакат дар идомаи суханронӣ тазаккур доданд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ, давоми соли гузашта ва ҷорӣ ду конфронси муҳими сатҳи баландро, дар мавзӯи таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор намуд.

Муқовимати самарабахш ба таҳдиду хатарҳои мазкур зарурати татбиқи чораҳои фарогирро  ҷиҳати беҳтар намудани ҷанбаъҳои иҷтимоии ҳаёти ҷомеаи мо, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва бекориро тақозо менамояд. Вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ боиси нигаронии ҷиддии мо гардидааст».

Дар масъалаи вазъи  Афғонистони ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки андешидани чораҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои МҲТБО дар ин ҷода метавонанд ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ намоянд.

«Дар ин зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки Машварат метавонад нақши муҳим дошта бошад. Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ҷузъи таркибии иштироки мо дар раванди расидан ба рушди ҳадафҳои устувор ба ҳисоб меравад»,- афзуданд Пешвои миллат.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 166
  • 444
  • 200,050