Раҷаббой Аҳмадзода дар рўзҳои таҷлил аз Иди саиди Қурбон собиқадорону ниёзмандонро аёдат кард

Раҷаббой Аҳмадзода дар рўзҳои таҷлил аз Иди саиди Қурбон собиқадорону ниёзмандонро аёдат кард
Август 13
08:48 2019

Дар рўзҳои таҷлил аз Иди саиди Қурбон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як қатор собиқадорони меҳнат ва шахсони ниёзмандро аёдат карда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Раиси вилоят нахуст ба манзили сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Русола Самадова ташриф оварда, ў ва аҳли оилаашро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик намуд. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадоронро аёдат менамояд. Таъкид карда шуд, ки Русола Самадова давоми 40 сол дар колхоз фаъолият бурда, ҳамчун пахтакори соҳибтаҷриба шинохта шудааст.

Сипас Раиси вилоят сокини дигари ноҳия Раъно Холматоваи 55 соларо, ки маъюби модарзод аст, аёдат карда, дар аснои суҳбат зикр дошт, ки давлату Ҳукумат ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир месозад. Маъюбону ниёзмандон набояд худро танҳову бекас эҳсос намоянд, зеро роҳбарияти олии мамлакат барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Раиси вилоят ҳамзамон ба шаҳри Бўстон ташриф оварда, аз ҳоли собиқадори меҳнат ва шоири ваҳдатсаро Мирзоаҳмади Ҷўразод хабар гирифт. Мирзоаҳмади Ҷўразоди 85 сола аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхориҳои ҳамешагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии худро баён сохт.

Дар ин бора  дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 184
  • 231
  • 173,849