Рисолати Абӯалӣ ибни Сино дар масири илми тиб

Рисолати Абӯалӣ ибни Сино дар масири илми тиб
Август 08
08:19 2019

(Бахшида ба зодрўзи Шайхурраис Абуалӣ ибни  Сино  (18 августи 980-1037)

Абӯалӣ ибни Сино аз зумраи маъруфтарин донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу  риёзидон, ситорашиносу шоир шинохта шуда, ба ў унвони Шайхурраисро нисбат додаанд. Ў аз пурмаҳсултарин олимон ва адибони ҷаҳон эътироф гашта, фаъолияти эҷодиаш аз 17-18 солагӣ шурӯъ шуда, то 40 сол давом кардааст.

Осори Абӯалӣ ибни  Сино ниҳоят зиёд ва баландарзиш аст. Аз рўйи тадқиқ ва ҳисоби донишманд  Саид Нафисӣ,  миқдори асарҳои ӯ ба 456 адад мерасад. Имрўзҳо 162 асари Абӯалӣ ибни Сино дар китобхонаҳои гуногуни олам  нигоҳ дошта мешаванд, ки аз ин 23 асари вай бо забони яъне тоҷикӣ эҷод шудаанд.

Китобҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошанд. Асари «Китобулинсоф» дар 20 ҷилд, «Алҳосил-вал-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд,  «Ал-қонун» дар 5 китоб ва «Наҷот» дар 3 ҷилд навишта  шудаанд, ки мутаасисофона на ҳамаи онҳо то ба замони мо омада расидаанд. Осори ин олими шинохта  дар инкишоф ва такомули илми тиб нақши сазовор гузошта, дорои  арзишҳои бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ мебошад.

Коршиносон асарҳои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро  ба 4 гурӯҳ тақсим кардаанд:

  1. асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ:
  2. асарҳо оид ба тиб:
  3. асарҳо доир ба илмҳои дақиқ:
  4. асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

Абӯалӣ ибни Сино  муаллифи зиёда аз 60  рисолаҳои илмӣ дар соҳаи тиб мебошад, ки бузургтарин асари ў  “Ал-қонун-фӣ-тибб”  аз 5 қисм иборат буда, дар давоми ҳашт аср китоби рўйимизии табибони дунё ба шумор мерафт. Ин асари безавол 30 маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудааст.

“Ал-қонун-фӣ-тибб” китобе шуд, ки барои Абӯалӣ ибни Сино шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аз асри XII то XYII пизишкони оянда дар Шарқ ва Ғарб алифбои саводи тибии худро аз “Ал-Қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино мегирифтанд.

Дар асри XII ин асарро дар Толедо (Испания) аз арабӣ ба лотинӣ, ки забони байналмилалии илм дар он замон буд, тарҷума карданд. Шахсияти маъруфе чун Леонардо де Винчи яке аз хонандагони ин асари олими барҷастаи форс-тоҷик буд.

Абӯалӣ ибни Сино дар ин асари машҳури худ он нуктаро меомӯзад, ки саломатии инсонро чӣ гуна бояд ҳифз ва бемориҳоро табобат кард.

Дар китоби аввали “Ал-қонун-фӣ-тибб”  Шайхурраис маълумотҳои умумиро дар бораи анатомия ва сабаби бемориҳо меорад. Бахши ҷудогонае дар ин китоб ба набз ихтисос дода шуда,  ба мафҳуму муҳимияти он дар организми инсон Абӯалӣ ибни Сино  борҳо рӯ овардааст.

Дар китоби дуюми  “Ал-қонун-фӣ-тибб”-и худ Абӯалӣ ибни Сино  доруҳои хеле оддиеро номнавис карда, аз ҷумла 785 воситаи дорувории растанигӣ, ҳайвонӣ ва минералиро ёдовар мешавад, бисёре аз ин доруҳо барои олимони асри бостон маълум набуданд.

Дар китоби сеюми “Ал-қонун-фӣ-тибб” муаллиф дар бораи бемориҳои ҷудогона ва шеваҳои табобати онҳо муфассал нақл кардааст.

Абӯалӣ ибни Сино дар китоби чоруми “Ал-қонун-фӣ-тибб” касалиҳои умумии бадан, табобати  табларзаҳои мухталиф, масъалаҳои гуногуни ҷарроҳиро ба риштаи таҳлили илмӣ кашидааст.  Ҳамин тавр китоби панҷуми мазкур аз номгӯи доруҳои мураккаби гуногун ҳикоят мекунад.

Дар ин асари худ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  фарзияеро дар миён гузошт, ки касалиҳо метавонанд аз тариқи ким-кадом махлуқоти хурдтарин ба вуҷуд оянд. Онҳо обро ифлос мекунанд ва бемориҳоро паҳн мекунанд.  Абӯалӣ ибни Сино  аз аввалин табибони ҷаҳоние буд, ки ба сироятӣ будани нағзак таваҷҷуҳ кард, фарқият миёни вабо ва тоунро муайян кард, дар бораи махав маълумот дод ва онро аз касалиҳои дигар ҷудо кард, як қатор бемориҳои дигарро омӯхт.

Донишманди маъруф Абӯалӣ ибни Сино  дар китоби “Ал-қонун-фӣ-тибб”-и хеш  сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва табобати бемориҳои зиёдеро хуб тасвир намудааст. Ў нишон додааст, ки аз 2600 маводи доруворӣ 1400 -тояш аз растаниҳо тайёр карда мешаванд.

Абўалӣ ибни Сино фикру андешаи  худро оид ба ҳарорати баланд  иброз доштааст, ки аломати мазкур дар тибби илмию амалӣ то ҳол муҳиму бебаҳо мебошад.

Ӯ дар бахши бемориҳои дарунӣ даҳҳо усулҳои ташхисиву табобатӣ пешниҳод намуда,  аз ҷумла муаллифи нахустини садои дар натиҷаи ангушт ба ангушт куфта, вазъи узвҳои ковокии шикам ё қафаси синаро муайянкунанда мебошад. Бузургии  Абўалӣ ибни Сино дар маънидод намудани даҳ аломати тағйиротии набзи бемор ва 37 аломати пешоб ҳувайдо буда, то имрӯз на ягон дастгоҳи муосир ва на ягон табиб аз 17 сифати пешоб зиёд нагуфтааст.

Ӯ ба пуррагӣ ташхис ва табобати диабети қандро чунин ба қалам додааст:  “пешоби диабетикҳо шаффоф, вазнин ва бисёр буда, такшони он тамъи ширин, ба монанди асалро дорад”.

Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи ҷарроҳӣ низ дастовардҳои зиёде дорад.  Ба гуфти ў, Буқрот ҳангоми ба ковокии шикам пош хӯрдани дохилаи обдор (эхинококкоз) усули бо истифода аз оҳани тафсон сурох намудани девораи шикам ва сӯзонидани омоси ҷигарро пешниҳод менамояд.

Шайхурраис  Абуалӣ ибни Сино ёздаҳ намуди омос ва захми меъдаву рӯдаро ёдовар шуда, сабабҳои хунравӣ аз сурхрӯдаю меъдаро маълум менамояд. Зиёда аз ин, дар табобати хунравӣ аз варидҳои сурхрӯдаю меъда, ки дар заминаи сиррози ҷигар рӯй медиҳад, дорувории мураккаб, аз қабили омехтаи донаи гул, хокаи мӯҳр, гули анор, каме кукнор, шираи қоқуи хушкида бо сабуси дуруштро пешниҳод менамояд.

Ташхиси тафриқавии хунтуфкунии беморро, ки Абуалӣ ибни Сино навиштааст, метавон умрбод бе ягон илова ҳамчун дастур истифода бурд.

Олим В.А.Покровский қайд менамояд, ки Абўалӣ ибни Сино дар китоби худ «Қонуни тиб»  доир ба масъалаҳои тозагӣ диққати махсус зоҳир намудааст. Ў гузариши баъзе бемориҳоро ба воситаи ҳаво ва об қайд менамояд ва аз ин рў дастур медиҳад, ки пеш аз истеъмол обро бояд аввал ҷўшонид.

Дар китоби мазкур доир ба сифати об боби махсус ҷудо карда шудааст, ки  нақши обро дар организми инсон нишон додааст. Об на танҳо такмилдиҳандаи маводи ғизоӣ, балки мулоимкунанда ва мусоидаткунанда дар рагҳо мебошад. Бе ин кўмак ҷараёни ғизогирӣ номумкин аст.

Нишондоди асосии тиббии Абӯалӣ ибни Сино вобаста ба об, ки дар асари безаволи ў мушоҳида карда мешавад, ин кӯшиши инсон баҳри нигоҳ доштани солимӣ ба шумор меравад. Мақсади нигоҳ доштани саломатӣ, таъмини ҳифзи он, мубориза бурдан бо бад шудани маводи моеъи бадан мебошад. Ў ҳамаи инро побасти се раванд медонад:

-пешгирии нестшавии моъеи бадан;

-пешгирӣ намудани сабабҳое, ки хушконидани баданро метезонад;

-ҳифзи моеъи бадан аз пусидашавӣ.

Назарияи мутафаккири бузург инчунин нисбати тағйирёбии равандҳои биологӣ дар организми инсон дар рафти пиршавии он бисёр ҷолиб ҳаст. Ў мегўяд: «… аз аввал, яъне баъди таваллуд бадани инсон рутубати баланд дорад. Коҳиш ва сол то сол афзудани раванди хушкшавии бадан ин зарурияте ҳаст, ки наметавон пешгирӣ шавад. Вақте ки рутубати модарзодӣ коҳиш мехўрад, гармии модарзодӣ низ паст мешавад. Яъне одами солхўрда дорои бадани нисбатан паструтубат ва пастҳарорат мебошад».

Абўалӣ ибни Сино аз зумраи он нобиғагонест, ки осори ў ҳанўз дар овони ҷавонияш донишмандони маъруфи Шарқ ва Ғарбро дар ҳайрат оварда буд.

Ҳарчанд осори ў аз тарафи олимон борҳо мавриди таҳқиқу омўзиш қарор гирифта бошад, ҳоло ҳам асрори зиёди корҳо нокушода мондаанд. Олимони тоҷик дар баробари дигарон пайваста барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани нишондиҳандаҳои донишманд корҳо мебаранд ва  замонавӣ будани онҳоро исбот менамоянд.

Сайфулло Авезов

Саркотиби илмии Академияи илмҳои тиб, доктори илмҳои тиб

Шодмон Карим

Сармутахассиси Академияи илмҳои тиб

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 4
  • 271
  • 352
  • 188,421