Рози лабханди кӯдакон: Аз сил шифо ёфтем!

Рози лабханди кӯдакон: Аз сил шифо ёфтем!
Май 31
10:30 2019
Бемории сили кӯдакон аз бемории сили калонсолон фарқ мекунад?

Ҳамон як бактерия аст, ки кӯдакон ва калонсолонро таъсир мекунад, аммо нишонаҳои беморӣ метавонанд фарқ кунанд. Мутаассифона, нишонаҳои беморӣ дар кӯдакон кам аёнанд, бисёри кӯдакон сулфаи мисли калонсолонро надоранд ва ин сабаби дер ташхис шудани бемории сил дар кӯдакон мегардад. Агар калонсоле ташхиси бемориаш яқинан сил гузошта шудаасту ӯ бо кӯдаконатон дар алоқаи наздик аст, шумо бояд ҳатман кӯдаконатонро барои санҷиши бемории сил ба муассисаи тиббӣ баред.

Муҳаммадҷони 9-сола баъди марги модару холааш ба бемории сили ғайришушии ба дорувориҳои сершумор устувор (БСДСУ) гирифтор шуд. Модаркалонаш мегӯяд: – “Дар аввал намедонистем, бемории сил гузаранда аст, аммо аз рӯйи мушоҳидаҳоям пай мебурдам, ки ин беморӣ метавонад аз як кас ба дигаре сироят кунад. Ба ҳамин хотир, ҳарчӣ мекӯшидам, Муҳаммадҷонро модараш ба оғӯш нагирад, наздик нанишинад, аммо ин кори ман ба духтарам писанд набуд… Намедонистем, ки бемории сил шакли ниҳонӣ ҳам дорад, агар медонистем, шояд метавонистем бемории Муҳаммадҷонро пешгирӣ намоем.”

 Мебояд, ки ҳангоми дарёфти як шахси бемори сил, тамоми аъзои хонавода ва шахсони ҳамнишин, хусусан кӯдакон аз санҷишҳои зиддисилӣ гузаронида шаванд, то занҷири беморӣ дар хонавода қабл аз интиқол бишканад. Ин ва дигар нуктаҳо ахиран санаи 1 майи соли равон дар чорабинии ироаи Ҳисоботи парастории кӯдакони гирифтори бемории сил барои соли 2019, ки аз тарафи ташкилоти “Духтурон бидуни марз” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Барҳам додани даври беморӣ: Муайянсозӣ, парасторӣ ва табобати кӯдакони гирифтори бемории сили ба дорувориҳо устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, садо дод.

Ибтидо аз соли 2011 Духтурон бидуни марз дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти дарёфту парасторӣ ва табобати кӯдакони мубталои бемории сил дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор фаъолият мебарад.

Тӯли ин солҳои ҳамкории муваффақона Духтурон бидуни марз ба ифтитоҳи ду озмоишгоҳи ташхиси бемории сил, гузаронидани омӯзишҳо, расонидани кумакҳои моддиву техникӣ ба муассисаҳои зиддисилии кишвар, дарёфту табобати садҳо кӯдаки бемори сил ва ҳамчунин таҳияи чандин амсила ё худ модели самараноки муолиҷа дар кишвар комёб гардидааст. Албатта, ин раванд бомаром идома меёбад, вале он ба кӯшишҳои муштарак ва тавсеаи бештар дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ниёз дорад.

Шакли ниҳонии сил ва шакли фаъоли сил

Тавре доктор Бобоҷон Пирмаҳмадзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” иттилоъ дод: – “Бемории сил метавонад дар ду шакл вуҷуд дошта бошад, яке шакли ниҳонӣ ва дигаре шакли фаъол. Шакли ниҳонии сил ба ин маъност, ки шахс дар организми худ чӯбчамикроби Кохро дорад, аммо ягон аломату нишонаи бемории сил аён дида намешавад ва шахс бемор маҳсуб намеёбад. Шахс танҳо вақте бемор мешавад, ки масунияти (иммунитет) ӯ заиф ва барангезандаи бемории сил фаъол гардад. Шакли фаъоли сил бошад, аз замони фаъол гаштани барангезандаи сил ва пайдо шудани аввалин аломату нишонаҳои беморӣ оғоз гардида, аз ҳамин вақт шахс бемори сил ҳисобида мешавад.”

Себастиен Гай, Намояндаи кишварии “Духтурон бидуни марз” дар Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ҳамоиши зиддисилии болозикр ба зарурати дарёфти ҳолатҳои гирифторшавии кӯдакон ба бемории сил, тавсеаи имконот ва доираи ташхисот, муолиҷаву парастории ба бемор нигаронидашуда ва беҳтарсозии натиҷаҳои табобат таъкид намуд. Мавсуф изҳор дошт, азбаски дар кӯдакон нисбат ба калонсолон шакли фаъоли сил тезтар хурӯҷ менамояд, фурсат расидааст, ки ба ҳалли мушкилоти сили латентӣ ё худ ниҳонӣ оғоз намоем.

Дар ҳамин ҳол, доктор Марта Эверард, Намояндаи кишварии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон таъкид менамояд, ки бемории сил на танҳо табобатшаванда, балки пешгиришаванда низ ҳаст. Доктор Эверард мегӯяд, ки пешгирии бемории сил беҳтар аз табобати он аст ва алалхусус, чун пешгирии беморӣ барои ҷомеа ва ҳам соҳаи тандурустии кишварҳо баҳри маҳви сил як роҳи осону арзоне мебошад. Воқеан агар гумон меравад, ки шахс гирифтори сил аст, алалхусус агар ҳамнишини шахси бемори микробхориҷкунандае (гирифтори шакли фаъоли сил) буда бошад, ӯ бояд аз санҷиши дахлдори дарёфти сил ҳарчӣ барвақт бигзарад, ва ӯро даррав дар табобати дуруст фаро гирифта, бо ин тариқ имкони хубтари бомуваффақият анҷом ёфтани табобат муҳайё гашта ва ҳолатҳои паҳншавии беморӣ ба атрофиён низ пешгирӣ карда мешавад. Агар иттифоқан дар бадани шахс шакли ниҳонии сил дарёфт шавад, ӯ метавонад бо як дармони кӯтоҳу камхароҷот аз чанголи сил пеш аз фаъол гаштани он дар бадан пурра раҳо ёбад.

Кадом санҷишҳо (дар Тоҷикистон) муайян месозад, ки оё одам аз сил сироят шудааст ё не?

–         Барои шакли ниҳонии сил: санҷиши хун барои дарёфти сил (IGRA), санҷиши туберкулин дар зери пӯст (TST) сироятшавӣ аз силро дар одам муайян месозад.

–         Барои шакли фаъоли сил: намунаи маводҳои патологӣ (балғам, зардоб, рим ва ғ.) ба озмоишгоҳ барои таҳлил тавассути усулҳои бактериоскопӣ, молекулярӣ ва кишт (таҷҳизоти GeneXpert) равон карда мешавад ва ташхиси нурии узви осебдида (акси рентгенӣ) ҳам гирифта мешавад.

Вобаста ба душвории дарёфти сили шуш миёни кӯдакон лозим аст, ёдрас намоем, ки ҷамъоварии дурусти балғам зарурист ва ба роҳи индуксияи балғам (илқои балғам) метавонем онро беҳ гардонем. Нишондоди дарёфти сил бо ворид намудани ин усули ҷамъоварии балғам дар Беморхонаи зиддисилии кӯдаконаи шаҳри Душанбе гувоҳи ақидаи мазкур аст.

Дар чорабинии зиддисилии “Барҳам додани даври беморӣ: Муайянсозӣ, парасторӣ ва табобати кӯдакони гирифтори бемории сили ба дорувориҳо устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Себастиен Гай, Намояндаи кишварии “Духтурон бидуни марз” дар Тоҷикистон рӯйи истифодаи самараноки фанновариҳои ташхисӣ, дарёфту табобати кӯдакони гирифтори сили ниҳониву фаъол, роҳандозии табобати кӯтоҳмуддат ва муолиҷа бо дорувориҳои навин ва расонидани дастгирии равониву иҷтимоӣ таъкид намуда, аз иштирокчиён – масъулини соҳаи тандурустӣ, шарикони рушд ва аҳли ҷомеа даъват кард, ки аз амсила ё худ модели муваффақи дарёфт, парасторӣ ва табобати кӯдакон истиқбол намоянд ва онро дар дигар шаҳру навоҳии кишвар татбиқ созанд.

Бо дарназардошти ин масъалаҳо, боз ҳам норасоии мутахассисони силшиноси кӯдакона дар кишвар ҳамчун яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи соҳа боқӣ мемонад. Илова бар ин, Бобоҷон Пирмаҳмадзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” бар ин назар аст, ки дастрас намудани маводҳои ташхисии туберкулин ва ифтитоҳи ҳуҷраҳои индуксияи балғам (илқои балғам) дар марказҳои вилоятӣ ва беморхонаҳои байниноҳиявӣ низ масъалаҳои ҳалталаби силшиносӣ маҳсуб меёбанд.

Қобили зикр аст, ки дар кишвар барои табобати самараноки бемории сил  якчанд амсила ё худ моделҳои табобати ба эҳтиёҷоти бемор нигаронидашуда истифода мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо одамонро дар маркази табобату ғамхорӣ гузоштан, коҳиши сатҳи ғайбату доғгузорӣ (стигма), ҳалли мушкилоти муолиҷа, тавсеаи ғамхорӣ ва дастгирӣ дар давоми табобат, ноил шудан ба муваффақияти назаррас ва натиҷаҳои беҳтарини табобат мебошад. Табобати зери назорати бевоситаи оила (Family-DOT ё ки боз ҳам мухтасар F-DOT) яке аз чунин амсилаҳои табобатиест, ки дар он волидон ё дигар хешовандони масъули омӯзонидашуда ва ба таври лозима тайёркардашуда барои додани доруи кӯдакон дар хона машғуланд.

Доираи асосии беморони F-DOT кӯдакони мубталои сил буда, ин амсила гаронии табобати таҳти назорати бевоситаро барои кормандони тиб, мушкилоти рафтуомади ҳаррӯза ба марказҳои DOT ва таъсири манфии иҷтимоиву молии он ба шароити зиндагии оила ва масъалаи дурии марказҳои DOT аз маҳалҳоро бартараф намуда, барои табобати саривақтиву самараноки кӯдакони бемор аз ҳама ҷиҳат мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҳол, Гулрухсор, модари як кӯдаки аз сил шифоёфта мегӯяд, ки писарчааш 8 моҳ дар беморхона ва чор моҳи дигар бо табобати зери назорати бевоситаи оила аз бемории сил шифо ёфтааст: – “Замоне ки мутахассисони Духтурон бидуни марз F-DOT-ро пешниҳод намуданд, мо онро бидуни дудилагӣ қабул кардем. Якумин фикри ба сарамон омада ин буд, ки баъд аз ин мо дигар маҷбур намешавем, ҳар рӯз  фарзандони дигари худро танҳо гузошта, ду километр роҳро тай намуда, барои дастрасии доруҳо ба маркази DOT биравем. Ҳамзамон боз як ҷиҳати хуби F-DOT ин аст, ки шумо худатон метавонед мустақилона дар табобати фарзандатон иштирок кунед ва зарурате нест, ки касеро мунтазир шавед, то омада фарзанди шуморо муолиҷа намояд.”

Парастории комил чист?

Табобати ба эҳтиёҷоти шахси бемор нигаронидашударо парастории комил номидан мумкин аст, ки он на танҳо нишонаҳои беморӣ ё худ омилҳои тиббиро, балки омилҳои равонӣ ва иҷтимоии ба шахс таъсиркунандаро низ дар бар мегирад.

Барои чӣ парастории комил муҳим аст?

Парастории комил барои нигоҳ доштани ихлосмандии шахси бемор ба табобат бештар самаранок аст. Чунин муносибат доираи дастгириҳои равонӣиҷтимоӣ, ба монанди ёрии ҳавасмандкунанда, кумаки равонӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад.

Ин нуктаҳо муҳиммияти амалисозии F-DOT-ро боз ҳам тақвият бахшида, гувоҳи гӯёи онанд, ки воқеан татбиқи амсилаи F-DOT дар тамоми оилаву маҳалҳои аз бемории сил осебдида дар шароити кӯҳии Тоҷикистон саривақтиву айни муддаост. Ин дар ҳолест, ки ба андешаи Рустам Бозоров, ҳамоҳангсози ташкилоти ҷамъиятии “Анис”: – “Барои шахси бемори сил, ки дар реҷаи табобати стандартӣ қарор дорад, табобат метавонад аз 20 то 24 моҳ ва ё аз ин дарозтар давом ёбад. Дар воқеъ зарур аст, ки нафаре аз оила тавонад раванди табобатро дар муҳити хона дастгирӣ кунад. Дар натиҷаи иштироки фаъол ва мустақими шахс дар ҷараёни табобати аъзои оилаи худ дар маҳалҳо боз як шахси таҷрибадор ва огоҳ аз санҷишу табобату парастории бемории сил омода мешавад ва ҳамчун нерӯи инсонӣ ба низоми тандурустӣ зам мегардад.”

Барои таъмини парастории комил гурӯҳи дастгирии ДБМ/MSF тавассути кумаку ғамхориҳои равониву иҷтимоӣ бозидармониро роҳандозӣ намудааст. Бозидармонӣ  барои кӯдакони бемор як фазои фараҳбахшу пуштибониро фароҳам оварда, дастгирии эҳсосӣ мерасонад ва дар онҳо малакаву истеъдодҳои навро падид меорад.  

Бояд гуфт, ки дар раванди ташхису табобати кӯдакони мубталои сил нақшу саҳми хонавода ва ҷомеа хеле баланд мебошад. Кӯдакон, ки табиати нозуку осебпазир доранд, боз ҳам ниёзманди таваҷҷуҳу кумаки маънавию равонии аҳли оила ва доираи пайвандон ҳастанд. Аъзои хонаводаро мебояд, ки дар баробари таъмини кӯдакони гирифтори сил бо хӯрокҳои серғизо ва навозишу парасторӣ, ҳамзамон онҳоро дар бартарафнамоии таъсироти номатлуби доруҳо, ҳавасмандӣ барои идомаи табобат ва баҳри нигаҳдошти умеди шифоёбӣ ҳамаҷониба кумаку дастгирӣ намоянд.

Ҳамсоягон, пайвандон ва сокинони маҳалли истиқомати кӯдаки бемор низ бояд дар раванди табобат фаъолона ширкат варзида, барои рафъи доғгузориву табъиз нисбати кӯдак ва оилаи ӯ, пешгирии густариши овозаву ғайбатҳои ғалат дар бораи тифли бемор ва худи бемории сил ва ҳамзамон расонидани кумаку дастгирии равониву иҷтимоӣ ба оилаҳои аз сил осебдида саҳмгузор бошанд.

Гузашта аз ин, ба андешаи Себастиен Гай, Намояндаи кишварии “Духтурон бидуни марз” дар Тоҷикистон марҳилаи ташхиси кӯдакони гирифтори сил ва роҳҳои табобати онҳо ниёз ба бознигарӣ дорад. Номбурда муътақид аст, ки тартиби ташхиси кӯдакон ҳанӯз ҳам ба далелҳои техникиву сунъӣ вақти зиёдеро мегирад ва ҳоло ҳам дар минтақаҳои берун аз барномаи фаъолияти Духтурон бидуни марз дар Тоҷикистон аз усулҳои анъанавии табобати сил истифода мебаранд, ки ин раванди муолиҷаро дароз намуда, боиси ранҷу озори бештари беморони хурдсол мегардад.

Ҳоло қаҳрамони хурдсоли мо – Муҳаммадҷон пурра шифо ёфтаву ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштааст. Аммо модаркалонаш мегӯяд: – “Гузаштан аз ҳамаи он санҷишу ташхисҳои тиббӣ ва сипарӣ намудани табобати нӯҳмоҳа бо доруҳои тазриқӣ (сӯзандоруҳо) барои ману набераам хеле дардноку таҳаммулшикан буд, вале шукр, ки Муҳаммадҷон сиҳат шуд. Баъди дидани он ҳама манзараҳои ашку дарди набераам ҳоло мехоҳам, ки олимону мутахассисони силшинос реҷаи табобати бемории силро бозбинӣ кунанд, ба ҷойи доруҳои дардовару тоқатфарсо доруҳои осон истеъмолшаванда сохта, ҷорӣ намоянд.

P.S. Бемории сили кӯдаконро эпидемияи хомӯш меноманд, зеро онҳо аз ҳар ҷиҳат оҷизанд ва наметавонанд бар зидди сил садо баланд кунанд. Тибқи оморҳои мавҷуда ҳамасола дар ҷаҳон як миллион кӯдакони зери синни 15-сола ба бемории сил гирифтор мешаванд, ки 239 ҳазор, яъне чоряки онҳо ба сабаби ҳамин беморӣ мефавтанд. Фавти кӯдакони гирифтори сил, ки дар табобати дурусти зиддисилӣ фаро гирифта шудаанд, камтарин ва хеле аҳён мебошад, аммо 90 дарсади кӯдакон дар тамоми дунё, ки аз сил мефавтанд, онҳоеанд, ки ба табобат фаро гирифта нашудаанд. Чунин хунукназарӣ сабаби аз байн рафтани як миллион кӯдак дар ҳар як чор сол дар саросари дунё гашта, ба хонаводаҳо зарбаи рӯҳӣ мезанад. Мутаассифона, далели аслии фавти ин кӯдакон ҳам дар бепарвоиву хунукназарии аҳли оила, атрофиён ва умуман ҷомеа мебошад, ки билохира боиси ба табобат фаро гирифта нашудани кӯдакон мегардад. Солҳои охир ба сабаби доғтар гардидани масъалаи сил ва бонги изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳое роҳандозӣ мешаванд, ки барои хотимаи ҳарчӣ зудтари ин беморӣ мусоидат менамоянд. Натиҷаи ин таваҷҷуҳу роҳҷӯиҳо буд, ки соли гузашта сарони кишварҳои дунё сари мавзӯи бемории сил нахустин бор дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти сатҳи баланд доир намуда,  эъломияи сиёсӣ дар мавзӯи силро ба имзо расониданд ва бо ин садоқати шуҷоатмандонаеро барои хотимаи сил то соли 2030 пеша карданд. Mасъулияти баланд, ҳисоботнокӣ, ҳамгироиву ҳамкории ҳамаҷонибаи тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳама самтҳои муборизаи зиддисилӣ тақозои замон ва қарзи инсонии мост ва бо ин ҳама метавонем ба ин эпидемияи хомӯш хотима диҳем ва нагузорем узви аз ҳама маҳбубу нозуки ҷомеа – кӯдакон қурбон гарданд. 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 303
  • 352
  • 188,453