Вазир:

ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа

ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа 20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.
Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.
Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар риштаи бемориҳои дил (кардиология) дифоъ намудааст.

Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси Табиби кардиологи Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши «НАҶОТ»-и  Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2009 рисолаи докториро дар соҳаи дилшиносӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқоти профилактикии шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳимоя кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Муовини якуми вазир:

Умарзода Саида Ғайрат

Умарзода Саида Ғайрат 13  июли соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ, доктори илмҳои тиб, дотсент, духтури дараҷаи олӣ.

Соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори муолиҷавӣ   бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 1986 – 1988  давраи ординатураи  клиникиро дар  кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузаштааст.

Солҳои 1988-1991 аспиранти кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Соли 1992 Рисолаи номзадиро ба мавзӯи “Таҳлили паҳншавии саратони гарданаки бачадон баъд аз табобат” ҳимоя намудааст.

Солҳои 1991-1993 дар шӯъбаи дармонгоҳи машваратии Диспансери ҷумҳуриявии анкологӣ ба ҳайси табиби онколог, гинеколог фаъолият намудааст.

Солҳои 1993-1998 Ассисенти кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Солҳои 1998-2007 Дотсенти  кафедраи онкологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Солҳои 2007-2016  ба ҳайси муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ оид ба корҳои илмӣ фаъолият намудааст.

Соли 2014 Рисолаи докторӣ ба мавзӯи “Саратони узвҳои репродуктивӣ дар занҳои бисёртаваллудкардаи Тоҷикистон” ҳимоя кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2016 то ба имрӯз ба ҳайси муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Муовини вазир

Одиназода Азиз Абдусаттор

Одиназода Азиз Абдусаттор 5 майи соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои тиб.

Соли 1986   Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури кӯдакона хатм кардааст. Баъд аз хатми донишгоҳ  аз соли 1986 дар  Беморхонаи вилояти №2  ш. Кулоб  фаъолияташро ҳамчун ҷарроҳ оғоз намуд. Солҳои 1987-1989   дар   Беморхонаи марказии ноҳияи Мӯъминобод  ба ҳайси  табиби ҷарроҳ фаъолият намудааст.

Солҳои 1989 то 1993 дар вазифаи мудири шӯъбаи хунтайёркунии Маркази вилоятии хунии шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз соли 1993 ба вазифаи директори Маркази вилоятии хуни шаҳри Кӯлоб таъйин шудааст.

Аз соли 2004 то 2006  дар вазифаи муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии хун фаъолият намуда, пас аз он то моҳи августи 2008 директори Маркази хунии вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи августи соли 2008 то моҳи апрели 2009 ба ҳайси сардори Шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз моҳи апрел то моҳи  августи  соли 2009   муовини сардори Хадамоти назорати давлатии  фаъолияти тиббӣ буд.

Аз соли 2009 то 2011 мушовири вазири тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буда,  аз моҳи майи соли 2011 то моҳи августи соли 2011 ба вазифаи директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ таъйин шудааст.

Солҳои 2011-2017 ҳамчун директори  Маркази ҷумҳуриявии  илмии хун фаъолият намудааст.

Аз 23 январи соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Муовини вазир

Камолзода Мирҳамуддин

Камолзода Мирҳамуддин 1 августи соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Синоро бо ихтисоси духтури беҳдошти ва вогиршинос хатм намуда, солҳои 2001-2002 таҳсилро дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ихтисоси табиби бемориҳои сироятӣ идома дода, баъдан дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ҳамчун духтури   бемориҳои сироятӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2003-2007 дар Ташкилоти байналмилалии MERLIN (Medical Emergency Relief International) ба ҳайси духтур эпидемиолог фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2007 то 23 январи соли 2017  дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассис, мутахассиси пешбар, сармутахассис ва сардори Раёсати назорати давлатии эпидемиологӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2010-2012 шунавандаи курси эпидемиологияи саҳроии Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА-Атланта.

Аз 23 январи соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Муовини вазир

Шодихон Ҷамшед

Шодихон Ҷамшед  22 марти соли 1962 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, духтури табобатӣ ва иқтисодчӣ мебошад.

Соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи  академик М. Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Солҳои 1985-1988 ба ҳайси духтури ҷарроҳ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда, солҳои 1988-1992 ҳамчун ҷарроҳи асаби Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Солҳои 1993-1995 ҳамчун ҷарроҳи асаби беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор ва фаъолият намуда, аз соли 1995 то 2002  дар вазифаи мудири шуъбаи осебшиносӣ, раддодӣ ва ҷарроҳи асаби Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолияти меҳнатиашро давом додааст.

Аз соли 2002 то соли 2008 ҳамчун сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ фаъолият намуда ва солҳои 2008-2009 сардори Раёсати тандурустии ВМКБ кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи  раиси ноҳияи Шуғнон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси ВМКБ кор ва фаъолият намудааст.

Аъзои ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроияи Дастгоҳи марказии ҲХДТ мебошад.

4 маротиба вакили Маҷлиси  вакилони халқи ВМКБ (даъвати II, III, IV, V) интихоб гардидааст.

Аз соли 2013 дар ду даъват (IV ва V) узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини Раиси  Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 23 ноябри соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ба унвони Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали  20-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ёрдамчии вазир

Содиқова Дилором Нуруллоевна

Содиқова Дилором Нуруллоевна,  4 октябри соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ  тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1982 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»-ро бо    ихтисоси табиби бемориҳои чашм хатм кардааст.

Солҳои 1984-1989 ба ҳайси табиби бемориҳои чашми Диспансери ҷумҳуриявии глаукоматозии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи Алексей Дяков, солҳои 1989-1993 дар вазифаи мудири диспансери зикргардида, солҳои 1993-2000 – мудири шӯъбаи дуюми микроҷарроҳии бемориҳои чашми Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи Алексей Дяков, солҳои 2000-2003 муовини сартабиби Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи Алексей Дяков оид ба корҳои ҷарроҳӣ, солҳои 2003-2004 муовини сардори Идораи ташкили хизматрасонии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004-2008 муовини директор/сармутахассис оид ба сиёсати миллии тандурустии Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон, солҳои 2008-2009 сардори Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009-2010 – мушовири маҳаллии Лоиҳаи таҷдиди идоракунии давлатӣ, ҳамчунин, табиб – офталмологи шӯъбаи кӯдаконаи бемориҳои чашми Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2011-2017 мушовири вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 22 июни соли 2017 то имрӯз дар мансаби ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ –  35 сол.

Мудири Бахши котиботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аминов Обидҷон Тоҳирович  13 майи соли 1969 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, номзади илмҳои тиб.

Соли 1994 факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Солҳои 1987 – 1989 дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1994 – 1995 дар кафедраи ҷарроҳӣ, беҳисгардонӣ ва эҳёгарии кӯдаконаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси беҳисгардон – эҳёгари кӯдакона таҳсил кардааст.

Аз моҳи августи соли 1995 то моҳи январи соли 2003 ба ҳайси табиби эҳёгари кӯдаконаи шӯъбаи эҳёгарии Маркази тибби шаҳрии ш.Душанбе ва аз моҳи январ то моҳи майи соли 2003 ба ҳайси муовини директори МТШ оид ба кӯдакон фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2003 то моҳи январи соли 2007 дар вазифаи мутахассиси пешбари Шӯъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2007 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи коргузорӣ ва назорати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас аз моҳи декабри соли 2008 то моҳи апрели соли 2013 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дар як вақт аз моҳи январи соли 2007 то моҳи апрели соли 2013 вазифаи котиби мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудааст.

Моҳи сентябри соли 2011 года рисолаи номзадии илмҳои тибро ҳимоя намуда, муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ аст ва дар таҳияи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, нақшаҳои миллӣ, стратегия ва барномаҳо оид ба ҳифзи солимии кӯдакон ва наврасон иштирок намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2013 то моҳи феврали соли 2017 дар вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона» оид ба корҳои муолиҷавӣ ва аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» оид ба корҳои ташкилию дастурӣ  фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2018 то имрӯз дар вазифаи мудири Бахши котиботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи августи соли 2018 то ба имрӯз дар як вақт вазифаи котиби мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намуда истодааст. Собиқаи корӣ 25 сол.

 Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарипов Шайдулло Зайдуллоевич – 27-уми апрели соли 1969 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 дар вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 25 сол.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Набиев Зоир Нарзуллоевич – 18 июли соли 1962 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумот олӣ, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз моҳи январи соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ 30 сол.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миралиев Салоҳидин Раҷабович – 19 сентябри соли 1970 дар н.Файзобод таваллуд шудааст. Маълумот олӣ, доктори илмҳои тиб, Дотсент  Соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз моҳи майи соли 2018 дар мансаби сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 24 сол.

Сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Тоҳиров Равшан Ҷамшедович  17 октябри  1977 дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1994  МТМУ №8-и шаҳри Кӯлобро бо медали тилло хатм намудааст.

Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2000 бо дипломи аъло хатм намудааст.

Соли 2002 ординатураи клиникиро дар шаҳри Москав бо ҳайси духтури муолиҷавии дил ба баҳои аъло хатм намудааст.

Аз соли 2002 то соли 2003 ба ҳайси координатори программавии миллӣ дар корхонаи байналмиллии танзими оилаи Аврупо кор кардааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 2003 ба ҳайси Роҳбари алянси танзими оилаи Тоҷикистон  оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 2009 кор кардааст.

Баъд аз соли 2009 то соли 2013 дар ШМА кору таҳсил намудааст. Дар соли 2012 дар ШМА номзадии илмии худро ҳифз намуда, номзади илмХои тибб шудаанд.

Аз соли 2013 то соли 2017  ба ҳайси мудири Шӯъбаи робитаи берунӣ ва сармоягузории Маркази ҷумҳурявии илмию-клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кўдакона кор ва фаъолият кардааст. Инчунин, дар маркази мазкур аъзои коллегияи илмӣ шуда, корҳои илмию тадқиқотиро дар якҷоягӣ бо олимони соҳаи педиатрӣ пеш бурдааст.

Аз моҳи ноябри соли 2017 то моҳи феврали соли 2018 ба ҳайси Сармутахассиси шӯъбаи робитаҳои байналмилӣ, раёсати ислоҳот, кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели 2018 то моҳи феврали соли 2019 ба ҳайси мудири Шўъбаи таҳлил ва сиёсати тандурустии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тиббии профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумуҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Аз феврали 2019 то инҷониб ба ҳайси Сардори Раёсати ислоҳот, кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дорад.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воҳидов Суҳроб Давлатович – 13 апрели соли 1972 дар н.Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1996 Академияи тиббии шаҳри Днеропетровски Ҷумҳурии Украинаро хатм кардааст. Аз апрели соли 2016 то ҳол  дар мансаби сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 27 сол.

Сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдулазизов Салим Холмуродович – 21 январи соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1990 Донишкадаи Давлатии тиббии Точикистонро хатм кардааст. Аз августи соли 2008 дар мансаби сардори Раёсати фарматсия ва молхои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 24 сол.

Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳафизов Сайдалӣ Амонович – 1-уми феврали соли 1969 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 2008-ум дар мансаби сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 26 сол.

Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбонов Кудратулло Бобихолович 19 июни 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоти олии филолог, шарқшинос ва иктисодчӣ менеҷер. Соли 1991, Донишгоҳи давлатии Точикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи марти соли 2014 дар мансаби сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Мудири Бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Юнусова Дилрабо Зокирҷоновна – 13 июли соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз декабри соли 2014 мудири Бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 17 сол.

Сардори Шӯъбаи ҳифзи сиҳатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хоҷаева Азиза Раҳматовна  -9 феврали соли 1964 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз 25 феврали соли 2010 то ҳол дар мансаби сардори Шӯъбаи ҳифзи сиҳатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 27 сол.

Муовини сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Олимова Шаҳноза Сайфуллоевна- 25 ноябри соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз апрели соли 2018 дар мансаби Муовини сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимова Рано Абдураҳмоновна – 14 ноябри соли 1973 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз моҳи майи соли 2013 дар мансаби Сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва мониторинги Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 16 сол.

Мудири Бахши хизматрасониҳои иҷтимоии Раёсати хифзи ичтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Юсуфзода Фахриддин 5 майи 1963 дар ноҳияи Ҷ. Расулов таваллуд шудааст. Маълумоти олии омӯзгорӣ. Соли 1984, Иниститути давлатии педогогии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 2014 дар мансаби мудири Бахши хизматрасонии ичтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Сардори Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии Раёсати хифзи ичтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаббатова Соима Маҳмадҷоновна 5 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоти олии омӯзгорӣ. Соли 1989 Донишгохи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аз моҳи декабри соли 2014 сардори Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии Раёсати хифзи ичтимоии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Сардори Шӯъбаи кадрҳои  Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзоалиев Назрулло Талбакович – 5 июли соли 1977 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз 4 августи соли 2015 дар мансаби сардори Шӯъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 16 сол.

Мудири Бахши хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маъруфов Ашурмад Гадоевич – 8 апрели соли 1968 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Аз октябри соли 2009 дар мансаби мудири Бахши хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 23 сол.

Сардори Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафаров Файзалӣ Савзаевич – 15 марти соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумот олӣ. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 2008 дар вазифаи сардори Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 32 сол.

 

Сардори Шӯъбаи коргузорӣ ва назорати дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замунов Амирхон Қудратович – 1 июли соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумот олии педагогӣ. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Аз моҳи декабри соли 2014 дар вазифаи сардори Шӯъбаи назорат, коргузорӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 40 сол.

Сардори Шӯъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назриев Баҳруддин Бобохонович 12 феврали соли 1976 дар ноҳияи Муминобод таваллуд шудааст. Маълумоти олии иқтисодчӣ оиди ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит. Соли 2003 факултаи иқтисодчӣ оиди ҳисоби бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Аз моҳи июни соли 2016 дар вазифаи Сардори Шӯъбаи аудити дохилии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 14 сол.

Сардори Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рабиев Шералӣ Маҳмадалиевич 4 августи соли 1984 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумот олии таърихшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ. Соли 2006 факултаи таърих ва соли 2011 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст.  Аз моҳи октябри соли 2012 дар вазифаи Сардори Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Собиқаи корӣ – 10 сол.

Сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмак  фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳасанов Хушвақт Бобомуродович 3 феврали соли 1978 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст.

Соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва соли 2014 Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 2002-2003 ба ҳайси Директори  Ташкилоти истеҳсолии ноҳиявии №44-и ҶСШК “Доруи тоҷик” дар ноҳияи Варзоб кор кардааст.

Солҳои 2003-2006 ҳамчун  Директори дорухонаи №88-и ҶСШК “Доруи тоҷик” дар шаҳри Душанбе ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2007-2008  ҳамчун  Сармутахассиси Маркази назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2008-2009 ба ҳайси муовини Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2009-2019 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитсон кор кардааст.

Соли 2014 Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистонро аз рӯи ихтисосгарии аввалия хатм намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2019  то  имрӯз ба ҳайси Сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарвешова Бибихонум Муминовна 3 майи соли 1969 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1991 Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм намуда,  аз мохи октябри соли 2018 ба хайси Директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад. Собиқаи корӣ – 25 сол.

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 70
  • 294
  • 180,432