Роҳнамо ба «Маркази Ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ»

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дар ин замина мутобиқ гардонидани хизматрасонии соҳаи тибби кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо  кушиш ва заҳматҳои давлату ҳукумати кишвар давра ба давра дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ  дигаргуниҳои куллӣ ба миён меояд. Ба фаъолият шуруъ намудани марказҳои саломативу тандурустӣ, ифтитоҳи бунгоҳҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муоссир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустӣ ва омода намудани мутахасисони соҳавӣ тадбирҳои амалии давлату ҳукумат дар ин самт дониста мешавад. Ба фаъолият шурӯъ намудани МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» дар пойтахти кишвар, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар назди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд, ба пешрафти соҳаи тиб такони ҷиддӣ ба миён гузошт. Мақсади асосии ташкили МД «Маркази Ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ», ин коҳиш додани яке аз нишондиҳандаҳои демографӣ – фавти перинаталӣ аз ҳисоби нуқсонҳои дохилибатнии тифл ва бемориҳои гению хромосомӣ мебошад.

Фаъолияти маркази генетикӣ ба якчанд самт равона гардидааст аз ҷумла:

  • Дарёфти гурӯҳи хавфи нуқсонҳои дохилибатни хангоми ҳомиладорӣ;
  • Омузиши анамнези занони ҳомиладор бо натиҷаҳои мусбии скрининги фаросавтӣ ва биохимиявӣ;
  • Ошкор намудани гурӯҳҳои анамнезиаворизноки акушерӣ ва генетикӣ дошта (дорои тифли маъюб, бемориҳои гению хромосомӣ);
  • Ошкор намудани оилахои барандаи беморихои гению хромосомӣ;
  • Ташхиси бемориҳои гению хромосомӣ;
  • Гузаронидани дастамалҳои инвазивӣ ва ғайринвазивӣ барои муайян намудани омили ҷойдорӣ ва ё инкор кардани раванди патологӣ.

 Дар МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ»  фаъолияти якчанд  шуъба   ба роҳ монда шудааст:

  1. Шуъбаи ташхиси молекулярӣ-генетикӣ
  2.  Шуъбаи ташхиси ситологӣ;
  3. Шуъбаи таҳлилҳои иммунологиӣ;
  4. Шуъбаи ташхиси пренаталӣ; (ташхиси фаросавтӣ аз руи барномаи OB-smart, NT-smart; дастамалҳои инвазивӣ -амниотсентез)
  5. Шуъбаи мушварати генетикӣ ва мониторинги нуксонҳои дохилибатнии тифл;

Маврид ба таъкид аст, ки МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» бо тадсгоҳу лавозимот ва таҷҳизоти замонавиву муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гародонида шуда қисме аз онҳо дар кишвар беназиранд.

Дар МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ»  фаъолияти дастгоҳи фаросавтии MindreyDCN3, бо барномаҳои OB-smart ва NT-scan, ки барои дарёфт кардани нишондиҳандаҳои бемориҳои гению хромосомӣ ва нуқсонҳои дохилибатнӣ тарҳрезӣ карда шудаанд.

Дастгохи «Иммулайт» 1000 – анализатори иммуноферментӣ– барои таҳлил намудани маркерҳои бемориҳои гению хромосомии ҷанин дар хуни зани ҳомиладор, таҳлили хормонҳо, онкомаркерҳо истифода карда мешавад.

Дастгоҳи «Секвенатор» 3500 – анализатори генӣ барои муайян кардани тағирот дар сохтори занҷираҳои нуклеотидӣ истифода шуда, бо ёрии он ташхиси бемориҳои гению хромосомӣ ва таҳлили муаян кардани падарӣ гузаронида мешавад.

Дастгоҳи «Секвенатор» 3500 – ин ягона дастгоҳи муосир ва технологияи баланди озмоишидошта дар сатҳи ҷумҳурӣ ба хисоб меравад.

Барномаи «PRISCA – PrenatalRiskCalculation» барои муайян кардани бемориҳои хромосомӣ тарҳрезӣ карда шуда, ҳангоми ба он ворид кардани натиҷаҳои дар рафти скрининги фаросавтию биохимиявӣ ба даст овардашуда, хавфи бемориҳои хромосомӣ ба таври автоматӣ ҳисоб карда мешаванд.

Спермоанализатор «FW -3702»  дастгоҳи муосири ташхисӣ мебошад, ки нисбати дигар усулҳои ташхисии нутфа бартариятҳои зиёд дорад.

Номгӯи хизматрасониҳои марказ:

  • Скрининги фаросавтӣ (NT; Anomalyscan) – дар се марҳила гузаронида мешавад (аз 11-14 ҳафта, аз18-23 ҳафта, аз 32-34 ҳафтаи хомиладорӣ).
  • Скрининги биохимиявии маркерҳои бемориҳои хромосомӣ (тести дукарата, секарата): аз 11 – 13+6 ҳафта, аз 16 – 20 ҳафтаи хомиладорӣ.
  • Амниосентез – гирифтани обҳои назди тифл барои гузаронидани таҳлили кори ҷанин, бо мақсади дарёфти бемориҳои ирсию хромосомӣ.
  • Секвенироникунии ҳуҷайраҳои тифлӣ – барои дарёфти бемориҳои гению хромосомии ҷанин.
  • FISH микроскопиикунонӣ (fluorescenceinsituhybridization) –усули ситогенетикӣ буда, барои ташхиси генетикии преимлантатсионӣ, пренаталии постнаталӣ истифода карда мешавад.
  • Кариотипикунонӣ – обҳои наздитифлӣ, хун ва мағзи устухон.
  • HLA-типикунонӣ – таҳлили мувофиқати гистомӣ барои муайян намудани сабаҳои бенаслӣ, ҳомиладории аз инкишоф бозмонда, тавлиди пайдарпайи тифлҳои нуқсондор дар оила, барои пайванди узвҳо истифода карда мешавад..
  • Таҳлили TORCH – инфексияҳо
  • Муайян намудани сабабҳои бенаслии мардон/занон.
  • Таҳлили муковистидоз

Айни ҳол МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» лоиҳаи вориднамудани скрининги неонаталӣ, скрининги бемориҳои саратониро тарҳрезӣ намуда, пайи амалигардонии он кушиш ба харҷ дода истодааст.

Инчунин бо мақсади коҳиш додани бемориҳои гению хромосомӣ ва паст кардани тавлиди тифлони маъюб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумхурӣ кушодани филлиалҳо ва ҳуҷраҳои генетикӣ ба нақша гирифта шудааст.

Маврид ба таъкид аст, ки насб гардидани дастгоҳҳои муосири соҳавӣ дар МД «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» имкони дар дохили кишвар муаяйн намудани навъҳои гуногуни маризиҳои генетикиро фароҳам овард. Ин дар ҳолест, ки  таи солҳои зиёд  бо сабаби набудани чунин техникаву таҷҳизоти замонавӣ маризон ҷиҳати муаянсозии бемориҳои генетикӣ, муайян намудани  нуқсонҳои дохилибатнӣ, сабабҳои ба дунё омадани тифлони носолим ва пешгирии онҳо, муайян намудани безурётии мардон ва муайян намудани падарӣ ба хориҷи кишвар роҳсипор мегардиданд. Вале бо ворид гардидани  таҷҳизоти зарурии соҳавӣ ба «Маркази Ҷумхуриявии тиббию-генетикӣ» чунин мушкилот аз байн рафта дар қатори пешбурди соҳаи тибби кишвар «Маркази ҷумҳуриявии тиббию-генетикӣ» зарурати ба хориҷи кишвар сафар намудани маризонро аз байн бурд. Имрӯз ин Марказ имкони қабулу муайян намудани кулли ин нуқсонҳоро дошта, барои қабули ниёзмандон аз тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ ва давлатҳои ҳамсоя омода аст.

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 139
  • 472
  • 18,316