Роҳнамо ба «Маҷмааи  тандурустии Истиқлол”

Бо иқдоми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2016, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як маҷмааи бузурги тандурустӣ ифтитоҳгардид.

Бо ифтитоҳи Маҷмааи  тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати бобарори иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии зиндагии мардум мебошад.

Маҷмааи тандурустии Истиқлол бо шароиту имкониятҳои хос дорои қисмҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ,озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери бо интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳмебошад.

Маркази муҳташами тандурустӣ дорои 38 бинои аз 1 то 9 – ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст, ки дар маҷмаа дастгоҳҳои нодиртарин насб гардидаанд, ки ягона дар Осиёи Марказӣба ҳисоб мераванд. Бартарияти ин дастгоҳҳо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд.

Масалан дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд.

Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ғадудҳои ширии занон ташхис карда мешавад.

Дар ҳуҷраи дансиометрӣҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.

Дар озмоишгоҳ аксар дастгоҳҳои муосире дастрас гардидааст, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад.  Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводҳои ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 дараҷа калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд.

Дар ҳуҷраи шикастабандӣ бошад, дастгоҳе насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аскбардорӣ карда, табобат менамоянд. Барои ин шахси осебдида ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ намеравад.

Барои бемориҳои гушу гулу ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора метавонад беморро ташхис, беҳис ва табобат намояд.

Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати бемор ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад.

Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.

Дармаҷмаа ба дастрас кардани дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони дар вақти таваллуд бо вазни то 500 грам, интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон ва насби камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои тибби фосилавӣ ва омӯзондани донишҷӯён афзалият дода шудааст.

Барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин ҷо толори маснуъӣ фаъолият мекунад, ки тарзи расондани кумаки аввалини тиббӣ ба онҳо омӯзонида мешавад.

Ҳамчуниндар марказ усули муосири тибби фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути он табибон метавонанд дар фосилаҳои гуногуни маҳалли ҷойгиршавӣ бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд.

Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштум бахши табобат бо гиёҳ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногун омода мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар бинои ташхисгоҳи маҷмаа шуъбаи махсусгардонидашудаи тибби сунатӣ амал мекунад, ки падару модарон метавонанд аз хизматрасонии он бобати анҷом додани маросимҳои диннӣ ва мардумӣ аз қабили амалиёти хатнаи писарчаҳо ва сӯрох намудани гӯшу бинии духтарчаҳо васеъ истифода баранд.

Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон сохта шудаанд. Дар толор таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан дастрас гардидааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд

Арзиши умумии иншооти маҷмааи тандурустии Истиқлол беш аз 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 500 миллион сомонӣ, харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст. Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.

Инчунин дар ин ҷо иншооти гуногуни ёрирасон, толори конфронс бо 260 ҷойи нишаст, ошхона бо 150 ҷой, толори либосшӯӣ, маҷмааи варзишӣ, коргоҳи истеҳсоли доруворӣ ва ғайра низ омодаи хизмат аст. Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ дар пойтахт маҳсуб ёфта, 75 фоизи иқтидори он ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.

Бори нахуст дар сохтори тандурустии кишвар роҳандозӣ намудани фаъолият дар самти ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон, сохтори алоҳидаи покнамоии хуни (гемодеалези) кӯдакон, шуъбаи муҳандисии клиникӣ, тибби суннатӣ ва 50 кати наҷоти бахшҳои гуногун амалӣ шудааст.

Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла хадамоти ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад.

Дар пойгоҳи ин маҷмаа фаъолияти 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣдар назар аст, ки онҳо метавонанд аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд.

Фароҳам овардани шабакаҳои худкори идоракунии иттилоотӣ, таъмини об,(оби тоза, гарм, хунук), газҳои табобатӣ (ҳавои фишурда, оксиген), ҳавополоӣ(тоза, гарму сард), пешгирии сӯхтор, тибби фосилавӣ, интернет, алоқаи дохилӣ ва шаҳрӣ, радиои дохилӣ, камераҳои мушоҳидавии мустақим (416 нуқта), 602 маҷмуи компютер низ маҷмааро дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир кардааст.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.

 

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=