Рухсат шудани беморони шифоёфта ва кӯмакҳои расида ба Беморхонаи ноҳияи Данғара

Май 15
10:02 2020

Ба туфайли ҷаҳду талоши пизишкону кормандони миёнаи тиббии Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шадиди шуш коҳиш ёфта истодааст. Ахиран 17 нафар беморон пас аз табобати комил ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории нави COVID-19 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат тадбирҳои зиддиэпидемикӣ идома дошта, дар ин самт корҳои зиёди зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара шароити мусоид барои ба табобат фаро гирифтани нафарони сироятёфта муҳайё буда, табибон бо фаъолияти шабонарузӣ тавонистанд аллакай як гурӯҳ шаҳрвандонеро, ки бо нишонаҳои ҳамин беморӣ бистарӣ шуда буданд, муолиҷа намоянд. Нахустин гурӯҳ бо шумораи 17 нафар баъди гирифтани табобати 14-рӯза ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонида шуданд.

Тавре нафарони шифоёфта иброз доштанд, дар беморхона вобаста ба табобат фаро гирифтани сироятёфтагон ҳама имкониятҳо муҳайё буда, табибон бо истифода аз шароитҳои мавҷуда бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ кору фаъолият менамоянд. Баъди дармон ёфтану ба ҳаёти муқаррарӣ гусел намудани нафарони бистаригардида, ҳамзамон ба онҳо тавсия медиҳанд, ки гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя намоянд.

Ба гуфтаи Сайдалӣ Ҳакимзода, сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, дар беморхонаи мазкур зиёда аз 100  кат барои қабули беморон дар ҳолатҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Меҳнати софдилона ва ҷоннисорию фидокориҳои табибону кормандони беморхонаи марказӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатити ноҳияи Данғара, соҳибкорони бонангу номус ва ашхоси саховатпеша мунтазам қадршиносӣ мегардад. Аз ҷониби шахсони саховатпеша ба 54 нафар кормандони беморхона якхалтаӣ орд, равғану биринҷ, шакар ва сабзавоту полезӣ кумак карда шуд.

Ҳамчунин барои муолиҷаи беморон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ,  МИҲД-и ноҳия  ширкатҳои “НАХШ”, “Сифат-фарм” ва соҳибкор Шамсулло Соҳибов маводи доруворӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ ба беморхона ворид гардида, ин иқдом аз ҷониби шахсони саховатпеша идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 46
  • 656
  • 362,754