Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Тоҷикистон қайд гардид

Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Тоҷикистон қайд гардид
Декабр 01
14:49 2018

Имрўз, 1 декабри соли 2018 дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт. Чунонки пештар иттилоъ дода будем, ҳамасола дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нафар ба хотири пешгирии ин беморӣ дар роҳпаймоиву баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ширкат меварзанд. Дар Тоҷикистон низ ба ин муносибат маҳфилу нишастҳои зиёде баргузор карда мешаванд.

Дар чорабинии имсола, ки бо шукӯҳи хоса қайд гардид, Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд. Ӯ ҳозиринро хайрамақдам намуда, изҳор дошт, ки дар ин рўз миллионҳо одамон лентаи сурхро, ки яке аз рамзҳои таскинбахшандаи мубталоёни ин беморӣ мебошад, ба бар мекунанд.

Инчунин дар чорабинии мазкур Кевин Коверт, Сафири мухтор ва фавқуллодаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканович, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Таҳмина Ҳайдарова, Намояндаи шабакаи тоҷикистонии одамони бо ВНМО зиндагикунанда ва  Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳруз Хоҷазода суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур ба ѓолибони озмуни «Беҳтарин мавод», ки дар мавзӯи пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам барои  кормандони ВАО  эълон шуда буд, туҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуданд.

Дар охир барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандон ва дастаҳои ҳунарии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Қобилҷон Зарипов, Алишер Қаноатзода, Моҳпарӣ Орифова ва дастаи навозандагон ва раққосони Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 1
  • 237
  • 233
  • 109,373