Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ – дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ таҷлил мегардад

Апрел 05
08:04 2018

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба «Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ» санаи  7 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»   бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» гузаронида мешавад.

Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сўҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 80
  • 291
  • 75,544