Рӯзгору осори Ибни Сино

Рӯзгору осори Ибни Сино
Август 28
10:23 2018

Миллати сарбаланди тоҷик дар дарозои таърихи чандҳазорсолаи худ барои ҷаҳониён фарзандони фарзонаеро ҳадя намудааст, ки бешак нафъу нақши онон то имрӯз пойбарҷост. Ба таъбири дигар, чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: – “Миллати тамаддунофари тоҷик бо донишу хиради азалии фарзандони фарзонаи худ сахтиву талхиҳои таърихро паси сар намуда, то имрӯз омада расидааст”. Ин нукта, албатта, ба ҳамадони тоҷик, ҳакиму табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино низ алоқаманд аст. Ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасту пизишки нотакрор буд, ки дар охири садаи X ва ибтидои қарни XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан, дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд, вале баъди пош хӯрдани ин давлати мутамарказ қисми зиёди умраш дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, чун надими хоси подшоҳону маликон,  ҳатто замоне чун зиндонӣ ҳаёт ба сар бурдааст. Новобаста ба садрангии гардиши рӯзгор ӯ лаҳзае аз омӯзиш даст накашида, мудом пайи озмоишу пажӯҳиш буд.

Баръакси бисёре аз бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абуалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино аз сӯйи шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ навишта шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абуубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абуалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан зодаи шаҳри Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ (976-997) ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшана (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18 августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд. Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ панҷсола буд, аз Афшана ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабиётро аз худ кард. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта, онро ҳифз намуд.

Пас аз ҳифзи Қуръон Ибни Сино лақаби “шайх”-ро гирифт, зеро ҳар касе, ки Қуръонро аз ёд мекард, ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас, Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯзонданд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буд, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин, Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадисҳои пайғомбари ислом ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12-солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Мустақилияти фикр, андешаи фарох ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ мустақилияти худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна, Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия ва математикаро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.

Абӯалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абусаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ҳамин тариқ, Абуалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд. На танҳо ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситаҳое буданд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекарданд. Чунончӣ худи Сино доир ба таҳсили илм мегӯяд: – «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Абуалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайрирасмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:

“Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст”.

Албатта, бо он ҳама донишу заковат ва хиради воло Абуалӣ ибни Сино ҳақ дошт, ки он вақт бигӯяд:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Ибни Сино дар дунё аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба забони арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буд, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абуалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишмандони муосир шумораи асарҳои Абуалӣ, ки то ҳол маълум шудааст, ба 456 адад мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла, 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Осори Ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Асари «Китобу-л-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил в-ал-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобу-ш-шифо» дар 18 ҷилд, «Лисону-л-араб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осори номбурда дар инкишоф ва такомили илмҳои мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла, китоби “Ал-Қонун”, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, то кунун ба забонҳои бузурге чун лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, ибрӣ, форсӣ ва урду тарҷума шудааст.

“Ал-Қонун” тақрибан 800 сол дар Ғарб як китоби гаронарзиш ва асосии тиббӣ буд. Яке аз муҳаққиқони ҳиндӣ хулосаву ва шарҳҳоеро, ки барои ин китоб навишта шудаанд, ҳисоб карда,  мӯътақид аст, ки беш аз 200 шарҳу хулоса бар ин китоб навишта шудааст.

Баъд аз шарҳҳои Қуръон ва шарҳҳое, ки бар китобҳои Муҳиддин ибни Арабӣ навишта шудааст, китоби “Ал-Қонун” сеюмин ҷойгоҳро соҳиб гаштааст.

Олими машҳур Виллиям Ослер (William Osler, 1849-1919), падари тибби муосир, китоби “Ал-Қонун”-ро Инҷили тиб ва Ибни Синоро муаллифи машҳуртарин китоби дарсӣ, ки то он замон навишта шуда буд, медонад.

Тамоми асарҳои Синоро метавон ба 4 гурӯҳ тақсим кард:

  1. Асарҳо доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ.
  2. Асарҳо оид ба тиб.
  3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
  4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои Мантиқ, Илоҳиёт, Табииёт, Ҳайат ва Мусиқӣ таркиб ёфтааст.

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гардидааст ва муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд, вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Андешаҳои ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рӯнамо месозанд.

Рӯзгори пурмаҳсулу осори гаронбаҳои Ибни Синоро наметавон дар як-ду саҳифаи китобу рӯзнома шарҳ дод ва аз ин рӯ, ҳоло бо ҳамин навиштаи маҳдуд иктифо мекунем ва иттилои бештарро дар шумораҳои баъдина ба хонандагони азиз пешниҳод хоҳем кард.

Дар кишвари азизи мо Тоҷикистон барои гиромидошти Абуалӣ ибни Сино Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино – ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967) таъсис дода шудааст. Акси Ибни Сино дар пули миллии кишвар инъикос ёфтааст ва номи ӯ ба майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузошта шудааст, пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтаанд. Барои арҷгузорӣ ба ин табиби ҳозиқ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи Абуалӣ ибни Сино ниҳода шудааст. Саранҷом, иди касбии кормандони соҳаи тибби кишвар рӯзи 18 август, яъне дар зодрӯзи Шайхурраис Сино таҷлил карда мешавад, ки нишони шоиставу волои арҷгузорӣ ба ин шахсияти бузурги миллат аст.

Дар анҷом, зодрӯзи Синову иди касбии табибонро ба тамоми кормандони соҳаи тибби ҷумуҳурӣ сидқан таҳният мегӯем. Орзумандем, ки ворисони сазовори Ибни Сино ва мудом дар хидмати миллати сарбаланди тоҷик бошанд. Идатон муборак, табибони арҷманд!

Эҳсон Турсунов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 61
  • 314
  • 109,816