Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа» таҷлил гардид.

Апрел 25
14:09 2017

Имрӯз 25 апрел  дар саҳни бинои  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешгирии бемории вараҷа дар ҳошияи «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа», ки аз ҷониби Ассамблеяи 60-уми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон гардида  ҳамасола 25 апрел ҷашн гирифта мешавад,  таҷлил карда шуд.

Чорабинии мазкур бо дастур ва фармоиши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣгардида дар таҷлили   «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа» Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» ва дигар идораҳои дахлдор саҳм гузоштанд. Маврид ба таъкид аст, ки ҳадафи аслии гузаронидани  чорабинӣ  огоҳонидани аҳолӣ аз ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба бемории вараҷа, роҳҳои сироятёбӣба он, хатару таҳдиди ин маризӣба саломатӣ ва дар  ин замина таъмини сиҳатии сокинон аз сирояёбӣба бемории вараҷа ва дар умум маризиҳои сироятӣ унвон мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки вараҷа-бемории сироятӣ буда, бемории маризии мазкур бештар дар натиҷаи нешзании хомушакҳои вараҷаовар аз шахси бемор ба нафари солим мегузарад. Ҳамчунин ҳамнгоми истифодаи сӯзандоруи тамъизношуда, ки бо хуни бемори вараҷа олуда шудааст, шахс метавонад сироят ёбад.

Зимни таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа» ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣгударонида шуда, омилҳои сироятёбӣба маризии вараҷа ва оқибату паёмадҳои он ба сиҳатии инсон фаҳмонида шуд.

Нишонаҳои бемории вараҷа;

Баладшавии ҳарорат ва ларзиши бадан;

Бемадорию басташавии иштиҳо;

Дарди сар ва устухону пайвандҳо;.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065