Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ бо шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Апрел 08
10:15 2017

Санаи 08 апрели соли равон  дар саҳни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ Рӯзи дарҳои кушод доир гардид. Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ соли равон ба бемории депрессия бахшидашуда буд. Мутобиқи омори тиббии имсола, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи одамони гирифтори бемории рӯҳӣ то семоҳаи аввали соли 2017 49 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, депрессия бештар вақт дар пайвастагӣ бо мушкилоти дигари саломатӣ ба вуҷуд омада, он аксаран  ба худкушӣ оварда мерасонад. Аз рӯи миқёси сабабҳои марг дар байни одамони синни 15-29 сола баъди садамаҳои нақлиётӣ депрессия дар ҷои дуюм меистад. Чунин ҳолатҳоро мушоҳида намуда ҷаҳониён аз ҷумла мутахасисони соҳаи тиб ва дигар намояндагони идораҳои дахлдор  Рӯзи умумиҷаҳонии саломатии имсоларо ба бемории депрессия бахшиданд. Дар ин чорабинии марказонидашудабеш аз 100 нафар мутахассисони баландпояи соҳаи тиб ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сафарбар карда шуда, аҳолии пойтахт ва  сокинони ноҳияҳои атрофии он  ройгон аз муоинаи тиббӣ бархурдор гардиданд.   Инчунин мошинҳои сайёри флюрографӣ, ташхиси хун, ташхиси вируси норасогии масъунияти одам, ташхиси сил барои дарёфти саривақтӣ ва ба табобат фаро гирифтани шаҳрвандон  дар ин  чорабинӣ фаъолона ширкат намуданд. Дар доираи ин чорабинӣ  4 ҷарроҳии мураккаб ба таври ройгон гузаронида шуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сӯҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида шуданд.

Аз ҷониби ширкатҳои ватании истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба ниёзмандон тариқи ройгон дорувории зарурӣ дастрас карда шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки бо чунин шаҳомат таҷлил намудани  Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ва Рӯзи дарҳои кушод   бо ташаббус ва дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.
Рӯзи дарҳои кушод дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ сурат гирифта, шаҳрвандон     аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 200
  • 1,189
  • 279,200