РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРАКИ «ШИФО»-И НОҲИЯИ ВАҲДАТ

Июн 01
09:10 2012

Имрўз дар Маркази ҷумҳуриявии  барқароркунии саломатии кўдакону наврасони Вазорати тандурустӣ, воқеъ дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи кўдакон бо шукўҳи хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ин марказ аслан кўдакони гирифтори бемориҳои асаб, дилу шуш ва фалаҷи дасту пой бо табобат фаро гирифта шудаанд. Ба ин табобатгоҳ, ки дорои тамоми шароити хуби муолиҷавист, кўдакон аз ҳамаи гўшаву канори ҷумҳурӣ меоянд. Сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кўдакони Вазорати тандурустӣ Шералӣ Раҳматуллоев кўдаконро ба рўзи идашон табрик гуфта бори дигар ёдрас кард, ки кўдакони маъюб таҳти сарпарастии домии давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд ва Вазорати тандурустӣ барои барқарорсозии саломатии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.

Дар ин ҷо хамаи намудҳои табобати физиотерапевтӣ ба таври ройгон роҳандозӣ шудааст ва эҳтиёҷмандон бо қаноатмандӣ аз шароити табобату муносибати хуби кормандони он ҳарф мезананд.

Марям, ки яке аз ниёзмандони доимии табобат дар ин марказ аст, имрўз зодрўзи худро дар ин ҷо истиқбол кард ва шарикони дигараш бо дастгирии кормандони марказ ўро махсус табрик гуфтанд. (Духтарчаи бемор ва нафари дигар ба у хирсак тўҳфа мекунад)

Директори Марказ Қамариддин Шоев иброз медорад, ки сафи ниёзмандон бештар аст ва 40 кате, ки дорем кифоя нест ва ният дорем, ки боз барои 20 нафари дигар ҷой омода созем.

         Бояд зикр кард, ки имрўз дар Марказ ҳамаи шароити табобат фароҳам аст. Маҳсдармониву гилдармонӣ,  маҳси обӣ, ҳуҷраи фаросавтӣ ва галакамера (нафаскашӣ дар  хонаи махсуси аз намак сохташуда), намудҳои гуногуни табобат бо асбобҳои  барқӣ   ва муносибати хуби табибону кормандони он  ба ҳар як табобатгиранда шифо мебахшад. Ёдрас мешавем, ки ин Маркази тавонбахшӣ се сол қабл бо ширкати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурўъ кардаву то ин дам беш аз 2 000 нафар  кўдакону наврасон  барои барқарор кардани саломатии худ дар ин ҷо табобат гирифтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 101
  • 288
  • 100,265