РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИКИСТОН ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ АНТИБИОТИКҲОРО МЕОМӮЗАНД

Июн 19
11:12 2013

Имрӯз дар Маркази иттилоот оид ба маводи дорувории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Истифодаи дурусти антибиотикҳо. Антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои пешгирии он» даври омӯзишии якрӯза барои рӯзноманигорон оғоз гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин даври омӯзишӣ боло бурдани маърифати тиббии мардум оид ба истифодаи дурусти доруҳои антибиотикӣ ва расонидани маълумоти саҳеҳу дуруст ба аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма мебошад.

Ин даври омӯзишӣ аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази иттилоот оид ба маводи дорувории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат»баргузор гардид.

Дар семинари омӯзишӣ 15 нафар хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ширкат доштанд. Ширкаткунандагон дар бораи истифодаи дурусти антибиотикҳо, таҷрибаи тавсияи доруҳо, оқибатҳои истифодаи нодуруст, худмуолиҷа ва худтавсияи доруҳо маълумоти кофӣ гирифтанд.

Ҳамчунин ҳозирин дар бораи дастрас намудани доруҳо бе дорухат, оқибатҳои номатлуби воситаҳои антибиотикӣ дармуолиҷаи бемориҳои вирусӣ, таъсири мутақобилаи байниҳамдигарии доруҳо, хатоҳои эҳтимолии аҳолӣ ҳангоми худмуолиҷа ва худтавсияи антибиотикҳо мубодилаи афкор намуда, баҳсҳои ҷолиб доир карданд ва донишҳои худро мустаҳкам намуданд.

Дар рафти даври омӯзишӣ хабарнигорон дар саҳначаҳои хурд нақши «табиб» ва «бемор»-ро иҷро карда, сипас дар муҳокимаҳои умумӣ муносибати табибон, ширкатҳои фармасевтӣ, фурӯшандагони маводи доруворӣ ва мардумро ба риштаи таҳлил кашиданд.

Рӯзноманигорони Тоҷикистон аз натиҷаҳои даври омӯзишӣ ва бардошти худ мавод таҳия карда, дар матбуоти даврӣ, электронӣ, телевизион ва радио нашру пахш менамоянд ва ба озмуни беҳтарин мавод дар ин мавзӯъ пешниҳод мегардонанд. Муаллифони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 55
  • 314
  • 109,810