Рӯзноманигорон инъикоси бемории сил ва пешгирии онро тариқи ВАО меомӯзанд

Рӯзноманигорон инъикоси бемории сил ва пешгирии онро тариқи ВАО меомӯзанд
Июл 03
11:13 2017

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши дурӯзаеро барои журналистони тоҷик дар мавзӯи инъикоси масоили бемории сил дар ВАО, баргузор намуд. Дар ин омӯзиш журналистоне, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ, телевизион ва радио кору фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

USAID тариқи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил ба рӯзноманигорон имконияти тақвияти инъикоси масоили марбут ба бемории сил дар  ВАО – ро бори аввал дар Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси байналмиллалӣ оид ба масоили ВАО, пешниҳод мекунад. Дар анҷоми ин омӯзиш рӯзноманигорон тарзи дурусту касбии пешкаши маводҳоро оид ба бемории сил аз худ намуданд, ки ин барои паст кардани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба нафарони аз ин беморӣ осебдида ва аз байн бурдани андешаҳои беасос мусоидад менамояд. Баъд аз омӯзиши мазкур рӯзноманигорон ба сафарҳои омӯзишӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон сафар намуда, бо вазъи бемории сил ва фаълоияти Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ошно хоҳанд гашт.

Тибқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол беш аз 10 миллион одам дар саросари ҷаҳон гирифтори бемории сил мегарданд. Ҳарчанд бемории сил табобатшаванда аст, аммо то ҳанӯз қариб ду миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Паст будани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа оид ба бемории сил яке аз сабабҳои паҳншавии ин беморӣ ба шумор меравад.

Аз оғози соли 2015, USAID дар доираи барномаи оид ба мубориза бар зидди бемории сил 70 нафар рӯзноманигори тоҷикро дар мавзӯи инъикоси масоили бемории сил дар ВАО омӯзиш додааст. Ҳамчунин, ин ташкилот баргузории озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводҳои журналистӣ дар мавзӯи бемории силро дастгирӣ менамояд. USAID ғолибони озмуни имсоларо моҳи сентябри 2017 бо ҷоизаҳо қадрдонӣ менамояд.

Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ба коҳиш додани сатҳи бемории сил ва паҳншавии сатҳи бемории сили ба дорувории гуногун тобовар дар Тоҷикистон равона гаштааст. Фаъолияти барнома ба такмили раванди таҳияи сиёсати миллӣ, беҳтар сохтани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва дармон, дастгирии низоми табобати ба мизоҷон нигаронидашуда, ҳамчунин таҳкими озмоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Водии Рашт равона гаштааст. Барномаи мазкур, ки буҷааш тахминан $ 13,2 млн. аст ва барои 5 сол таҳия шудааст, яке аз намунаҳои дигари кӯмаки ҳукумати ИМА дар самти беҳбуд бахшидани сиҳатии мардуми Тоҷикистон мебошад. Алҳол, кӯмакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30 миллион доллар дар як солро ташкил мекунанд, ки 30 % он ба соҳаи тандурустӣ равона мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 344
  • 1,134
  • 329,231