РӮЗҲОИ МИЛЛИИ ЭМГУЗАРОНӢ БАР ЗИДДИ ГУЛӮЗИНДОНАК АЗ 23 АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Апрел 19
19:17 2012

Гулўзиндонак бемории сироятии токсикӣ буда, барангезандаи беморӣ коринобактерияҳои гулўзиндонак (С. diphtheriae) мебошанд, ки токсини барои организми одам зарароварро хориҷ мекунанд. Роҳи асосии сироятёбӣ тавассути ҳаво, инчунин  асбобҳои рўзгори сироятёфта  (бозичаҳои мулоим  ва ѓайра) мебошад.

Намуди аз ҳама бештар паҳншудаи беморӣ осеб дидани бинӣ ва гулў, инчунин ғадудҳои бодомшакл мебошад. Ба бемории гулўзиндонак ҳам кўдакон ва ҳам калонсолон гирифтор мешаванд. Нуқсонҳои вазнини гулўзиндонак  дар мадди аввал миокардит, инчунин газаки роҳҳои нафас ба ҳисоб рафта, аслан боиси марганҷомӣ мешавад. Аз ин рў, танҳо эмгузаронӣ метавонад кўдаки шуморо аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорад.

         Бо мақсади мўътадилгардонии вазъияти эпидемиологии бемории гулўзиндонак Вазорати тандурустӣ қарор дод, ки Рўзҳои миллии эмгузаронӣ (РМЭ)-ро гузаронад:

         Мувофиқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон    №_149 аз 09. апрели соли 2012:

  • РМЭ бар зидди гулўзиндонак дар ҷумҳурӣ аз 23  то 28 апрели соли  2012 дар байни кўдакони  аз 3 то 6-сола бо ваксинаи АДС гузаронда шавад. Дар маҷмўъ 730 031 кўдакон эм карда хоҳанд шуд.

  • Дар рафти РМЭ дар ҷумҳурӣ гурўҳҳои мақсадноки зерин эм карда мешаванд:

      кўдакони аз 3 то 6 сола (аз 3-сола то 6-солаю 11 моҳаву 29 рўза)

      кўдакони аз 7 то 12 сола; (аз 7-сола то 12-солаю 11-моҳаву 29 рўза)

                   наврасону ҷавонони аз 13 то 21 сола

Дар байни кўдакони аз 7 то 12 -сола, наврасону ҷавонони аз 13-то 21-сола   тирамоҳи соли 2012-ум гузаронида  мешавад.

          Дар рафти РМЭ бар зидди гулўзиндонак ваксинаҳои зерин      истифода бурда мешаванд:

                 аз 3 то 6 -сола –  АДС – як бор:

                 аз 7 то 12 -сола – АДС-М – як бор:

                 аз 13 то 21 -сола – АДС-М – ду бор

         Дар рафти РМЭ бар зидди гулўзиндонак сатҳи фарогирӣ на кам аз 95%  бояд таъмин карда шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 274
  • 264
  • 85,867