Рӯ ба ҳукумати электронӣ

Декабр 04
11:23 2017

Бо вуҷуди рушд ёфтани илму технологияи муосир то як муддат кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят, ҳангоми ҷамъоварии ҳисоботи соҳавӣба душвориҳои гуногуне ру ба ру гардида, вақту маблағҳои зиёдеро аз даст медоданд, то он замоне, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ ба ин мушкилот хотима гузошта шуд.

Дар доираи Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ, агар аз ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон 897 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба давраҳои омузиши оиди асосҳои компютерӣ фаро гирифта шуда бошанд, аз 7 ноҳияҳои ғайритаҷрибавӣ иловатан 111 нафари дигар низ, аз омузиши нозукиҳои техналогияи муосир ба таври ройгон бархурдор гардидаанд. Бар замми ташкилу гузаронидани курсҳои омузишӣ, ҳамзамон ба муассисаҳои тиббии 5 ноҳияи таҷрибавӣ, 105 адад ноутбук, 283 адад планшет, 105 адад принтер ва 5 адад дастгоҳҳои нусхабардорӣ ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои Фархору Ёвон, Данғара ва Қубодиёну Ҷалолиддини Балхӣ, дастрас карда шуд.

Бо мақсади мустаҳкам сохтани базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустии 7 шаҳру навоҳии ғайритаҷрибавии минтақаи Қурғонтеппаву Кулоб, 23 адади дигар ноутбукҳо пайваст бо шабакаи интернетӣ тақсим гардида, 1008 нафар духтурону ҳамшираҳои шафқати бунгоҳу марказҳои саломатии деҳотӣ, ҳамчунин оиди истифодаи шабакаи ягонаи идоракунии итилоотии тандурустӣ омузонида шуданд, ки имруз бе ягон мамоният, ҳисоботи худро бо истифода аз техналогияи навин қабул ва ирсол намуда истодаанд.  

Аз як тараф агар ба роҳ мондани курсҳои корпютерӣ ва дастраси ба ин технологияи муосир кори ҳаррузаи духтурону ҳамшираҳои шафқатро сабук гардонида бошад, аз ҷониби дигар, ҷорӣ сохтани тарзу усули нави хизматрасонии тиббӣ аз руйи сифат ва натиҷаи фаъолият дар беҳ гаштани шароити кории эшон мусоидат намудааст.

Гуфтан мумкин аст, ки минбаъд кормандони марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои Ёвону Фархор, Данғара, Қубодиён ва Ҷ. Балхӣ фаъолияти  хешро бо истифодаи техналогияи нави замонавӣ идома бахшида, ҳисоботҳои омориро бармаҳал ва бе сарфу харҷи вакту маблағҳои иловагӣ, таввасути шабакаҳои гуногуни интернетӣ қабул ва ирсол хоҳанд кард.

 

                               Қурбоналӣ Курбонов

                               Вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 221
  • 233
  • 109,357