Сабақи раҳму шафқат

Октябр 08
15:39 2016

“Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кӯмаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем…”

Эмомалӣ Раҳмон

 

Халқи тоҷик, миллати шарафманди ориёӣ дар таърихи башарият ҳамчун мардуми меҳрубону сулҳхоҳ маъруф аст, яъне аз қадим дар тиннати халқи тоҷик рӯҳи маънавӣ зоҳир буд. Некӯӣ ва раҳмдилӣ ба пиронсолону барҷомондагон ва эҳтиёҷмандон на ба ҳама қавму миллатҳо муяссар мегардад. Ин хулқу атвор ва инсондӯстии олӣ дар аслу ниҳоди мо – тоҷикон аз қадим мавҷуд буд.

Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, аз қабили иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, маъюбони интернатсионалист ва Артиши Шӯравӣ, маъюбони СНБА «Чернобил», маъюбони то синни 18 – сола, кӯдакони ятим, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоаткори хайр буда, беҳтарин анъанаи миллати сарбаланди мо мебошад.

Дар ҷомеае, ки дар он муҳтоҷон дастгирии иҷтимоӣ меёбанд, хиради воло, руҳи тавоно ва андешаҳои солиму созанда устувор аст. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон тибқи санади сарнавиштсози мамлакат – Сарқонун давлати иҷтимоӣ эълон шуда, уҳдадор аст, барои ҳар як инсон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам орад.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ рушду такомул ёфта, ба суботи иҷтимоӣ ва тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ боис гардидааст.

Дар ин давра заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ташкил карда шуда, қабули санадҳои ҳуқуқии соҳа, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ветеранҳо”, “Дар бораи стандартҳои иҷтимоӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, ба тасвиб расидани як қатор Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ин соҳаи муҳими ҷомеаро таъмин намудаанд.

Мақсади асосии давлат беҳ намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, умрдарозии инсон ва таъмини маънавиёти рангину зебо мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии кишварро бар дӯш дорад ва баҳри хифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат мебошад, барономаҳои мушаххас таҳия ва дастуру воситаҳои зиёди методӣ нашр кардааст.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои таъминоти кафолати хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ менамояд ва дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Дар робита ба ин мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барои нафақахӯрон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва дигар табақаҳои камбизоату шаҳрвандони эҳтиёҷманд чорабиниҳоро татбиқ менамояд.

Дар ҷумҳурӣ шумораи зиёди иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон, маъюбон ва шахсони ба хифзи иҷтимоии давлатӣ муҳтоҷбуда фаъолият доранд, ки яке аз вазифаҳои Агентӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро ба роҳ мондан аст.

Табақаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта, аз ҷумла маъюбону пиронсолони бесаробон, кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои зиёд ниёз доранд. Барои зери парастории худ гирифтани ин гуруҳи иҷтимоӣ ҳоло дар системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хона – интернатҳои пиронсолон ва маъюбон фаъолият доранд, ки онҳоро ба хизматрасонии иҷтимоӣ, тиббӣ, моддию маишӣ ва маданӣ фаро мегиранд.

Бо мақсади таъмини эҳтиёҷмандон ва имтиёздорон ба хизмати санаториву курортӣ ҳамчунин, дар Номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 3 истироҳатгоҳ: истироҳатгоҳҳои табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ» – и ноҳияи Қумсангир» дар 8 баст барои 520 нафар, «Ромит» – и шаҳри Ваҳдат» дар 7 баст барои 315 нафар, «Бибӣ Фотимаи Заҳро» – и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа (Занинс)» дар 10 баст барои 600 нафар ва 1 осоишгоҳ – Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб» дар 7 баст барои 470 нафар ба таври мавсимӣ фаъолият менамоянд.

Дар маҷмӯъ имконияти муассисаҳои истироҳатӣ дар як баст 240 кат-ҷой ва дар мавсими солона 1905 кат-ҷойро ташкил менкунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки сол то сол доираи хизматрасонии иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фаро гирифташуда ба маротиб афзудааст, ки ин далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди ниёзмандон ба хизматҳои иҷтимоии давлатӣ мебошад.

Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» – и ноҳияи Варзоб» дар байни дигар муассисаҳои истироҳатӣ ягона осоишгоҳ мебошад, ки дар мавсими истироҳатӣ дар 7 баст ба муддати 18 рӯзӣ фаъолият намуда, имконияти ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифтани 470 нафар ниёзмандонро доро мебошад.

Осоишгоҳи мазкур муддати даҳ сол аст, ки фаъолияти пурсамар намуда, вазифаҳои асосии он ташкили шароити мусоид барои табобати санаторию курортӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, маъюбони интернатсионалист ва Артиши Шӯравӣ, собиқадорони меҳнат, гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъюбони барқароркунандаи сохтори Конститутсионӣ, занҳое, ки сазовори унвони «Қаҳрамонмодар» гаштаанд ва дигар ниёзмандон равона карда шудааст.

Дар Осоишгоҳтибқи тартиби муқарраргардида ба табобати санаторию курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон дар асоси тавсияи тиббӣ бо роҳхати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳими кишвар таваҷҷуҳ намуда, изҳор доштанд, ки: «Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад».

Дар воқеъ, маблағгузории муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли афзоиш буда, бо дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкиситон ҳамасола зиёда аз 50 фоизи буҷети давлат баҳри беҳбудии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад.

Ин аст, ки нисбат ба 5 соли пешин маблағгузории соҳа 1,5 маротиба зиёд гашта, сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кишварамон ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ сол то сол наздик шуда истодааст.

Бо назардошти аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, ҳамчунин бо мақсади нигоҳ доштан ва абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таъмини сатҳи зиндагии арзандаи онҳо “Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945” таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №440 тасдиқ карда шудааст.

Мувофиқи Барномаи мазкур ҷашни 70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар давлатҳои аъзои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар баробари ин, соли 2015 соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг эълон карда шудааст.

Тавре Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд: “Тоҷикписарон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷанг бо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ китф ба китф ҷангида, намунаи олии ваҳдату қаҳрамонӣ нишон дода, Ватани хешро аз таҳдиди асорату ғуломӣ наҷот доданд.”

Воқеан, бо гузашти солҳо мардонагӣва устувории халқи шӯравӣ, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, аз хотири башарият дур намегардад. Чӣ хеле ки мегӯянд: «Хеҷкас ва ҳеҷчиз фаромӯш нашудааст!»

Иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 хизмати шоистаи худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намудаанд ва имрӯз бояд аз файзи истиқлолияти Ватани азизамон истифода бурда, дар фазои орому осуда давлати пирӣ ронанд.

Тавре дар боло қайд кардем, Агентӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлату ҳукумат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии нафақахӯрону маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хоса иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, кӯдакони ятиму бепарастор ва дигар табақаҳои шаҳрвандони эҳтиёҷманд чораҳои зарурӣ меандешад.

 

Абдулҳаким Холов

Директори Агентии давлатии

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 204
  • 382
  • 47,537