Сатҳи маъюбӣ коҳиш ёфтааст

Сатҳи маъюбӣ коҳиш ёфтааст
Декабр 27
14:42 2018

Имрўз дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷамъбасти фаъолияти солонаи  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ  бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед  ҷаласа доир гашт.

Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарон, мудирони шуъбаҳои вилоятӣ, байниноҳиявӣ ва комиссияҳои соҳавии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ  иштирок доштанд.

Доир ба фаъолияти Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 маърузаи сардори Хадамоти мазкур Амиршоев Ш.Т  шунида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли ҷорӣ ба сохторҳои Хадамот барои гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳамагӣ 38050 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 151 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод ба 31589 нафар гурўҳи маъюбӣ муқаррар карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 833 нафар кам мебошад.

Ҳарчанд дар соли ҷорӣ муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамот зиёд шудааст, вале муқаррар намудани маъюбӣ коҳиш ёфтааст, ки ин аз беҳтар шудани  сифати экспертизаи тиббию иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.

Ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ бори нахуст барои муқаррар кардани маъюбӣ 8646 нафар муроҷиат намудаанд. Ба 7893 нафари онҳо гурўҳи маъюбӣ муқаррар гардид, ки ин 91, 3 %-ро ташкил медиҳад.

Дар охир доир ба дастуру супориш ва эродҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш дар самти тандурустӣ ва саломатии аҳолӣ баён намуданд, кормандони Хадамот баҳри  рафъи камбудиҳои мавҷуда муваззаф гардиданд.

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2018/12/0-02-05-c8e3e9dae37b21c9aa703c4d082a5e52df1147f4045639b4fd97a377a6fcdf36_full.jpg”]

[ot-caption title=”” url=”http://moh.tj/wp-content/uploads/2018/12/0-02-05-446e12181527bf7d1c60b3034eb8e786a8d7f1b766d5e862deeb8da0e68a2c15_full.jpg”]

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Бойгонӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 117
  • 501
  • 161,567