Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон
Июн 01
17:00 2018

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус  дар машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд.

Дар оғози боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи чорво дидан карданд. Дар намоишгоҳ 70 сар чорвои калони шохдор, 400 сар чорвои майда ва қариб 50 сар асп ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар доираи тадбири мазкур, ки мақсад аз он намоиши иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои чорводорон буд, хоҷагидорони як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз ҷумла, Данғара, Восеъ, Панҷ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Темурмалик чорвои хушзоти худро, ки аксаран зотҳои элита буда, ба иқлими минтақа мувофиқ карда шудааст, ба намоиш гузошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур доданд, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир созанд.

Маъракаи алафдаравӣ дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик бо иштироки зиёда аз 2500 нафар сокинон аз шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сурат гирифт. Барои анҷоми ин кор ва ҷиҳати иштирок дар машварат 113 адад трактори тамғаи МТЗ, 33 мошини дарави дискӣ, 59 адад алафдарав, 16 тойбанд, 18 ядак ва грабилҳои тракторӣ, инчунин олоти алафдаравию алафҷамъкунӣ ва техникаҳои гуногуни кишоварзӣ сафарбар карда шуд.

Мавзеи Гулободи ноҳияи Темурмалик интихоб шудани макони баргузории машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво бесабаб нест. Зеро майдони умумии мавзеи мазкур 427,13 гектарро ташкил менамояд, ки аз он масоҳати 190 гектарро гандум, қариб 4 га ҷав ва дар масоҳати муайяни заминҳо зироати нахўду зағер, картошкаи лалмиву маъсар ва ғайраҳо кошта шудааст. Майдони алафзор дар ҳамин мавзеъ зиёда аз 215 гектарро ташкил медиҳад.

Соли равон дар ноҳияи Темурмалик алафзор нашъунамои хуб дорад ва масъулони бахши кишоварзию хоҷагидорон тасмим доранд, ки зиёда аз 51 ҳазор тонна хошоки дурушт ва дигар намуди хўрокиро захира кунанд. Хабар дода шуд, ки худи ҳамин рӯз маъракаи алафдаравӣ ба хотири захираи фаровони хӯроки чорво дар саросари ноҳияи Темурмалик роҳандозӣ карда шуд ва дар ин тадбир ҳазорон нафар сокинони ноҳия иштирок варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур доданд, ки бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби бештари аҳолӣ маъракаи дарави алафҳои табииро вусъат бахшида, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистонро муташаккилона ба роҳ монанд, зеро имсол бо сабаби камбориш омадани мавсими баҳор дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон алафзор хушк шудааст. Зимнан чорводорони вилоят метавонанд аз хоҷагидорони ноҳияи Темурмалик хӯроки чорво дастрас карда, захира созанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо таҷрибаи кори деҳқони асил Раҷабалӣ Лақаев ошноӣ пайдо карданд. Ин хоҷагидор дар заминҳои лалмӣ парвариши картошка, нахӯд, ҷав ва дигар зироатро ба роҳ мондааст. Сарвари давлат махсусан ба парвариши картошкаи лалмӣ дар шароити талу теппа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Раҷабали Лақаев бо изҳори сипос таъкид дошт, ки дар мавсими ҷорӣ аз ҳар гектар гандумзор 33 сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳад овард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истифодаи заминҳои лалмӣ дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти Бобоюнус ошноӣ пайдо карданд ва бори дигар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла, обу замин аз тарафи аҳолиро махсус таъкид карданд.

khovar.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


 border=
 border=

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 199
  • 382
  • 47,532