Сафари омўзишии рўзноманигорон ба вилояти Суғд

Сафари омўзишии рўзноманигорон  ба вилояти Суғд
Март 19
08:44 2018

Бо ташаббуси Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза ба бемории сил як гурўҳ рўзноманигорон ба вилояти Суғд сафарбар гардиданд.

Чорабинии мазкур ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тавассути ВАО баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Сафари омўзишии рўзноманигорон аз 12 то 16 марти соли 2018 идома ёфт. Намояндагони ВАО дар ин муддат аз фаъолияти беморхонаҳои зиддисилии ноҳияҳои Спитамен, Конибодом ва Мастчоҳи вилояти Суғд шинос гардиданд.

Табибони силшинос ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки аз соли 2015 инҷониб дар ҳама шаҳру ноҳияиҳои вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил шуда, оид ба бемории сил дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ёдрас мешавем, ки ба аъзоёни КМТ намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон, дин, маориф, корманди тиб ва намояндаи ҷамоат  шомил мебошанд. Аъзоён моҳе 2 маротиба дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ гузаронида, афроде, ки нишонаҳои беморӣ дар онҳо мушоҳида мешавад тариқи роҳхат барои гузаштан аз ташхис ба муассисаи тиббӣ равона карда мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои масъули он баҳри пешгирии ин беморӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Айни замон Нақшаи миллии стратегӣ оид ба мубориза айлайҳи бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва ин санад фаъолияти соҳаро ба танзим медарорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2020
ДСЧПҶШЯ
« மே  
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 29
  • 172
  • 343,103