САҲА ВА ТАҲРИФИ ВАЗЪИ ОЗОДИИ ВИҶДОН

САҲА ВА ТАҲРИФИ ВАЗЪИ ОЗОДИИ ВИҶДОН
Сентябр 25
14:38 2018

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ яке аз самтҳои сиёсати хориҷии худро дар ҳамкорӣ ва муколама бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор додааст. Чунонки дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар зикр гардидааст, он ба таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ равона шудааст, то бад-ин васила дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созмону ниҳодҳоро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои  глобалии замони муосир, саҳнаи бебадали ҳаллу фасли ихтилофот ва мушкилот дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва василаи муассири таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ медонад ва бо мақсади саҳм гузоштан дар эҷоди низоми наву одилонаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии худ дар чаҳорчӯби онҳо ба таври фаъол ва густурда иштирок менамояд.

Дар ин замина муносибати ҳасана бо тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла манфиатдори инкишофи ҳамкориҳои самарабахш бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва ниҳодҳои он буда, аз таҷриба ва имкониятҳои сиёсӣ ва зеҳнии ин созмон дар соҳаи демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, таъмини амнияту субот ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳитзистӣ истифода хоҳад бурд.

Аз ин рӯ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳуқуқи инсони САҲА, ки дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава баргузор гардид, иштирок намуда, мавқеи худро вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта ба таври воқеӣ дар чорчӯби манфиати миллии кишвар баён карданд.

Мутаассифона, созмони мазкур дар чанд соли охир аз сабаби манфиатхоҳӣ мавқеъ ва ҷойгоҳашро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш додааст. Воқеият ин аст, ки бо вуҷуди далелҳои раднашавандаи собитшуда вобаста ба фаъолияти созмону ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, махсусан ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ созмони мазкур сиёсати духӯраро пеш гирифта, дар асоси манофеи кишварҳои хос манфиатҳои кишварҳои дигари аъзоро аҳамият намедиҳад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ мушкилоти ҷойдошта ва бархӯрди духӯра ва ғайривоқеъбинонаи ин созмонро ба масоили дохилии кишварҳо баён карда, муносибати мунсифона ва воқеъбинона нисбат ба масоили дохилии кишварҳои аъзоро дархост намуд.

Дар асоси барнома ҳамоиши Варшава рӯи мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла вазъи озодии виҷдон тарҳрезӣ шуда буд, ки дар ин самт низ созмони мазкур ва дигар созмонҳои вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон вазъиятро ғайриобеъктивона ва дур аз воқеияти дохилии кишварҳо баҳогузорӣ намудаанд. Дар ин замина агар бетаассубу бетарафона ва мунсифонаву воқеъбинона баҳогузорӣ намоем, ба чунин воқеият мерасем, ки дар Тоҷикистон ба арзишҳои динӣ ва озодии виҷдон ба қадри кофӣ ва дар чорчӯби қонунгузории кишвар арҷ гузошта шуда, ҳеҷ мамониате барои адои намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, умуман рукнҳои дини ислому дигар динҳо гузошта нашудааст. Инро ҳам мебояд зикр кард, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодии виҷдон таъминкунандаи а) робитаҳои неку созандаи давлат бо иттиҳодияҳои динӣ; б) татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон; в) фароҳам овардани шароити беҳтари татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоби ақида ва пайравӣ кардан ё пайравӣ накардан аз дин; г) баробарӣ ва тарвиҷи фарҳанги таҳаммулпазирии динию ақидатӣ; ғ) пешгирии рушди ифротгароӣ ва тундргароӣ дар муҳити динӣ ва аз ин тариқ ба вуҷуд овардани фазои ваҳдату ризоият дар ҷомеа; д) роҳ надодани суиистифода аз дин барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошад.

Бешакк, яке аз омилҳои буҳронзо дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ сӯиистифода аз боварҳои динии мардум барои расидан ба мақсадҳои геополитикӣ ва геоэкономӣ аз сӯи қудратҳо ва созмонҳои фароминтақавӣ мебошад. Мутаассифона, баъзе аз ашхос ва гурӯҳҳои фурсатталабу қудратхоҳ ба бозии сиёсии кишварҳои манфиатҷӯ дохил шуда, ба муҳраҳои буҳронзо дар кишварҳои алоҳида тадбил дода мешаванд. Чунин намунаро дар шеваҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ мушоҳида намудан мумкин аст, ки роҳбарону пайравони он бо дастгирии молии кишвари маълум мехоҳанд идеологияву ҷаҳонбинии бегонаро дар ҷомеаи мо таҳмил намуда, бад-ин васила ба ҳадафҳои бузургтаре ноил гарданд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон, хусусан ҷавонони огоҳу ватандӯсти кишварро лозим аст, то мақсаду мароми чунин ашхос ва ҳаракатҳои фурсатталабро дарк намуда, ба шиорҳои авомфиребонаи онҳо дода нашаванд.

М. Ғиёсов,

сармутахассиси Кумита

din.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 221
  • 233
  • 109,357