“Сил табобатшаванда аст”-шиори нафарони аз маризии шакли мутобиқгаштаи сил табобатёфта

“Сил табобатшаванда аст”-шиори нафарони аз маризии шакли мутобиқгаштаи   сил табобатёфта
Феврал 08
09:04 2018

Дирӯз дар меҳмонхонаи “Серена” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии роҳҳои табобати  шакли мутобиқгаштаи бемории сил, ҷамъомад баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки  намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони масъули дафтари ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  масъулони  Филиали ташкилоти KNCV, намояндагони ВАО сурат гирифт. Дар рафти чорабинӣ ҳамзамон беморони шакли мутобиқгаштаи сил, ки бо истифода аз дорувории нави зиддисилӣ табобат ёфтаанд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти тамоми системаи тандурустии кишвар мебошад. Дар солҳои сипаригардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд. Дар баробари ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалинамоии барномаҳои қабулгардида, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Аз ҷумла ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобати гирифторони шакли мутобиқгаштаи бемории сил яке аз вазифаҳои асосист.

Дар кори ҷамъомад нақли нафарони табобатёфта аз бемории  шакли мутобиқгаштаи сил, диққати ҳозиринро ҷалб намуд. Нафарони табобатёфта аз шакли мутобиқгаштаи сил, ки маълумот оид ба шахсияти эшон паси парда хоҳад монд, бештар дар самти нақши дорувории нави зиддисилӣ дар табобати кутоҳмуддати шакли мутобиқгаштаи бемории сил қисса намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд барои дастрас намудани номгӯи дорувориҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои табобат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Яке аз нафарони табобатёфта аз шакли мутобиқгаштаи сил бо истифода аз дорувории нави зиддисилӣ, зимни байёни саргузашти худ дар лаҳзаҳои  табобат иброз намуд, ки “Баробари шунидани гирифториам ба бемории шакли мутобиқгаштаи сил, гуё зиндагӣ бароям ба итмом расид, вале бо дастгирии аҳли хонавода, ҳидояту роҳнамоии табибони силшинос, ба табобати курси  кутоҳмуддати шакли мутобиқгаштаи  сил тариқи дорувории нави зиддисилӣ шурӯъ намудам. Истеъмоли дорувориҳо бароям хеле душвор буд, чандин маротиба қасди боз истодан аз табобатро намудам, вале дар навбати аввал ҳидояти табибон   аз азми доштаам ҷилавгирӣ намуд ва дар навбати дигар дидани наздикону пайвандон ва кӯдаконам маро водор намуд, ки бояд табобатро ба итмом расонам. Табобати ман 9 моҳро дар бар гирифт. Бо амри тақдир баробари нисф кардани табобат, идома додани он бароям осон гардид. Дар назар чунин менамуд, ки гуё роҳи фарозеро тай намудаву акнун роҳи нишеб маро дар пеш аст. Ҳамин гуна баъд аз сипарӣ гаштани як муддат, табобати ман хотима  ёфт ва ман бо амри тақдир шифо ёфтам. Сил табобатшаванда аст!!!”

Қиссаи саргузашти   иштирокчиёни чорабинӣ, ки аз бемории шакли мутобиқгаштаи сил  табобат ёфтаанд шабеҳи ҳам буда, ҳамагон аз шароити муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти табобати бемории сил ва ройгон бароҳ мондани дорувории зиддисилӣ изҳори қаноатмандӣ менамуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо кам шудани шумораи шарикони рушд вобаста ба дастрас намудани дорувории зиддисилӣ ба Тоҷикистон имрӯзҳо бо талошу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра малбағҳои ҷудошаванда аз буҷҷети кишвар ҷиҳати харидории номгӯйи дорувории зиддисилӣ зиёд гарша, инчунин барои  ба табобат фаро гирифтани маризони шаклҳои гуногуни сил шароити мусоид фароҳам гаштааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 2
  • 237
  • 491
  • 63,016