Ситод: чораҳои пешгирии коронавирус пурзӯр мешаванд

Ситод: чораҳои пешгирии коронавирус пурзӯр мешаванд
Март 25
07:16 2020

24 марти соли равон  таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли вируси мазкур ба мамлакат баргузор гардид.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба вазъи кунунии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутаассифона рӯз то рӯз  хуруҷи сирояти мазкур дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш аст: “Аз ин рӯ, вазъи сирояти мазкур дар ҷаҳон моро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии интиқоли вируси мазкур ба кишвар боз ҳам чораҳои қатъии пешгирикунандаро пурзӯр намоем”,-афзуд ӯ.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки аз 1  феврал то 24 марти соли равон 5179  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 2023 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3156 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштан ва захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ  барои пешгирии сирояти коронавирус, муҳайё намудани шароити мусоид ба нафарони дар карантин қарор дошта ва дигар масъалаҳои вобаста аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ситоди корӣ ва байниидоравӣ  фаъолият менамояд.

Аз ҷумла, ҳамрӯза дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалсаи ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ду маротиба баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбутаи сирояти коронавирус, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунандаи он  мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи он дар мамлакат рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2020
ДСЧПҶШЯ
« மார்ச்  
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 396
  • 1,189
  • 279,396