“Соати парлумонӣ” оид ба «Намуд, шакл ва шартҳои расонидани кумаки аввалини тиббӣ”

Апрел 18
14:45 2019

Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ дар мавзӯи «Намуд, шакл ва шартҳои расонидани кумаки аввалини тиббӣ» машварати «Соати парлумонӣ» баргузор гардид.

Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки мавзўи муҳокимашавандаи имрўза яке аз масъалаҳои муҳим ва рўзмарра ба ҳисоб меравад. Зеро Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон вобаста ба муроҷиатҳои пайдарпаии шаҳрвандон, аз ҷумла беморон зимни расонидани кумаки аввалини тиббӣ ва ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар ин самт изҳори норозигӣ намуданд.

“Парлумони мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаанд. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст. Ин таҷриба давра ба давра тамоми мамлакатро фаро мегирад”,-зикр намуд Х.Юсуфӣ.

Зир гардид, ки давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Бо вуҷуди пешравиҳо ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалини тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.

Дар машварати “Соати парлумонӣ”  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода бо гузориши муфассал баромад намуд. Дар фарҷом аз рӯи масъалаи муҳокимагардида   қарори дахлдор қабул карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 4
  • 353
  • 1,000
  • 246,756