Созишномаи ҳамкории вазорат бо Фонди “Мериё”

Март 07
18:17 2019

Имрӯз, 7 марти соли равон  дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо директори  генералии Фонди «Мериё»-и кишвари Фаронса  Бенуа Мерибел  баргузор  гардид.

Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин сафири кишвари Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ М. Камолзода, сардори шўъбаи робитаҳои байналмилалии вазорат Р. Раҳимова, директори Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ Х. Каримзода ва коршиноси сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  О. Вансело иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ Олимзода Насим Хоҷа қайд намуд, ки сол то сол ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Фаронса дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ривоҷ меёбад, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти ду кишвар ба соҳаи мазкур дарак медиҳад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди “Мериё” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо аз вохӯрии баргузоргардида изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Созишномаи ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди “Мериё” барои мустаҳкам намудани иқтидори Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки саҳми мутахассисони фаронсавӣ ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони тоҷик барои истифодаи технологияи ҳозиразамон  ва  усулҳои  нави  ташхис  хеле назаррас  мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 11
  • 156
  • 202
  • 134,350