Солимии модару кӯдак, ғизои иловагӣ ва инкишофи ҷисмонии кӯдакон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии кормандони соҳа мебошад

Июн 20
11:01 2017

Таи рӯзҳои охир бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок ва рушди малакаи кормандони тиб давраи омӯзишӣ миёни кормандони соҳаи тибби як қатор марказҳои саломатии вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур дар асоси дастур ва супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон  роҳандозӣ гардидааст.

Семинарҳои омузишӣ дар ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, А.Ҷоми, Ҷ.Балхӣ, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Н.Хусрав ва Дустӣ роҳандозӣ гардида дар рафти он бештар ба масоили “Роҳнамоии солими модару кӯдак, ғизои иловагӣ ва баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии кӯдакон”  таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки бозомузони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сурат гирифтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи Шифо

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Архив











 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 110
  • 288
  • 100,274