Сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 577 иншооти соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд

Сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 577 иншооти соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд
Август 08
11:13 2019

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 577 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони шӯъбаҳои марказҳои табобатӣ ва беморхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, сохтмони марказҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар Панҷакент, Истаравашан, Исфара, Айнӣ, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов, инчунин, таъмири як қатор иншоотҳои тандурустӣ дар муассисаҳои вилояти Суғд давом дорад.

Тавре аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба moh.tj иттилоъ доданд, тибқи нақшаи кории мақомотҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят  соли равон бояд, ки 23 адад беморхона, 83 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 61 адад марказҳои саломатӣ, 14 адад таваллудхона, 55 адад нуқтаҳои хатна ва 35 адад дорухона аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад.

Дар шаш моҳи соли равон маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 9 адад беморхона, 24 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 17 адад марказҳои саломатӣ, 10 адад таваллудхона, 24 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 21 адад дорухона ба итмом расонида шуд, ки ин 39 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят  ва пудрачии ҶДММ «Еврострой» сохтмони бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №3-и ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дорои  3-ошёна ва таҳхона, Маркази саломатии “Меҳробод”-и ноҳияи Мастчоҳ, бунгоҳи саломатӣ дар шаҳри Панҷакент ба итмом расонида шуда, инчунин Беморхонаи ноҳиявии №3-и ноҳияи Б.Ғафуров ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардид. Маркази саломатии Меҳробод аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”бо нақлиёти санитарӣ таъмин карда шуд.

Дар ин давра варзишгоҳи “Табибон”  дар мавзеи  Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов бо дастгирии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят ба маблағи 889 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Айни замон сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилояти Суғд дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ идома дорад. Бинои беморхона ду ошёна буда, барои 40 кати табобатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи якуми беморхона шӯъбаи ҷарроҳӣ бо 10 кат, шӯъбаи таваллуд бо 10 кат ва дар ошёнаи дуюм шӯъбаи амрози даруна бо 20 кати табобатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар деҳаи Роғи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои шӯъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳия барои 20 кат бунёд шуда истодааст. Сохтмони бинои шӯъба соли 2018 бо маблағгузорӣ дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оғоз гаштааст. Бинои шӯъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур дар деҳаи Роғ аз 1 ошёна иборат буда, дар он бахшҳои таваллуд бо 5 кат, бемории кӯдакон бо 5 кат ва бемориҳои амрози дарунӣ бо 10 кат ҷойгир карда мешавад.

Маҷмааи модару кӯдаки Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки  дорои 160 кат мебошад, бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гашта, рӯзҳои наздик ба истифода дода  хоҳад шуд.

Бинои маҷмаа дуошёна буда, дар ошёнаи якум шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакон ва амрози кӯдакон бо 60 кати табобатӣ, шӯъбаи эҳёи кӯдакон бо 6 кат, шӯъбаи эҳёи калонсолон бо 4 кат табобатӣ ва ҳуҷраҳои озмоишӣ ва амалиётхона ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи дуюм шӯъбаи таваллуд бо 60 кат, амрози занона бо 30 кат ва амалиётхона ҷойгир карда шудааст.

Инчунин, сохтмони бинои нави Маркази саломатии деҳоти Яхтан бо маблағгузории идораи сохтмони асосии вилоят идома дорад. Бинои марказ як ошёна буда, дар он ҳуҷраҳои хатна, баъди таваллуд, амрози занона, табиби оилавӣ, озмоишгоҳ, стоматологӣ ва эмгузаронӣ ҷойгир карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии Амнияти зиддиядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти МАГАТЭ дар Маркази саратоншиносии вилоят дастгоҳи радиотерапевтӣ пурра васл шуда, ба фаъолият омода мебошад.

Дар доираи лоиҳаи ҳамкории техникии TAD 6/006 «Таъмини хизмати радиотерапевтӣ дар Маркази онкологии вилояти Суғд» 3 нафар табибони марказ ва панҷ нафар лаборантҳои шӯъбаи нахустини табобати нурӣ дар муассисаҳои саратоншиносии хориҷи кишвар аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.

Инчунин, таҷҳизонидани марказ бо дастгоҳи муосири радиатсионӣ (брахиотерапия) ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳафт моҳи соли 2019 аз ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 3,6 млн. сомонӣ, аз кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус 480,8 ҳазор сомонӣ 1098 адад таҷҳизот ва лавозимотҳои тиббӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тиббӣ дастрас карда шуданд.

Барои муассисаҳои тиббии ноҳияҳои Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд, бо қарори раиси вилоят аз санаи 31.07.2019,  №367 баҳри харидории таҷҳизоти тиббӣ 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Суғд 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз  ҷумла 132  муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонида, инчунин муассисаҳои хусусӣ, аз ҷумла 106 ҶДММ, 35 намояндагон ва 106 соҳибкори инфиродӣ фаъолият мебаранд.

Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда дар 7 моҳаи соли 2019 аз буҷети вилоят барои соҳаи тандуpустӣ 233,4 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Мувофиқи маълумот баpои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандуpустӣ 230,9 млн. сомонӣ ҷудо гаpдидааст, ки иҷpоиши буҷет 98,9%-pо ташкил  дод.

Ба аҳолии вилоят 5143 табибон ва 17393 кормандони миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,3 ва бо кормандони миёна 65,5–ро ташкил медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 21
  • 400
  • 190,065