ИҚДОМИ ШОИСТА: соҳибкори маҳаллӣ барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ бунёд кард

ИҚДОМИ ШОИСТА: соҳибкори маҳаллӣ  барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Январ 09
16:19 2020

Дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз бунгоҳи муосири тиббӣ бунёд гардид. Онро соҳибкори маҳаллӣ Субҳониддин Садриддин аз ҳисоби буҷаи хонаводаи худ бино кард.

Ин соҳибкори ватанӣ гуфт, ки соли равон қасди сафари ҳаҷ дошт ва бо ин мақсад  70 ҳазор сомонӣ ҷамъ овард. Аммо дар як суҳбати хонаводагӣ аҳли оилааш пешниҳод карданд, ки бо ин маблағ беҳтар аст барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.

“Ман ин таклифи аъзои оиларо бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ҳақиқат сокинони деҳаи мо ба ёрии аввалини тиббӣ сахт ниёз доранд. Баъзан барои санҷидани фишори хун ва ё эмгузаронии кӯдакон сокинони деҳа маҷбур мешуданд, ки масофаи 6 километр роҳро тай намуда, ба деҳаи ҳамсояи Дробак раванд. Акнун ин мушкилӣ паси сар шуд”, -изҳор дошт Субҳониддин Садриддин.

Соҳибкор аз он изҳори хурсандӣ намуд, ки дили садҳо нафар аз ҳамдеҳагонашро дар ин соли нав шод намудааст, зеро бузургон ҳам фармудаанд, ки ба даст овардани як дил баробари зиёрати ҳазорбораи Каъба аст.

Деҳаи Паткуноб яке аз деҳоти ободу зебои вилоят ба шумор меравад ва бо истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и худ, ки бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат бунёд гардидааст, дар байни сокинони мамлакат маъруф аст.

Раиси ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Шаҳригул Бодурова ин кори хайри соҳибкори маҳаллиро барои дигар соҳибкорони ҷамоати деҳот шоистаи ибрат хонда, гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз фаъолияти он соҳибкороне, ки дар ободии шаҳру деҳоти мамлакат саҳм мегузоранд, ситоиш карда, изҳор доштанд, ки «акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандони худро хӯрем».

Ба гуфтаи  раиси ҷамоати деҳот,  ин соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар канори бунгоҳи нави тиббӣ барои кӯдакону наврасони деҳа китобхона ва майдончаи варзишӣ бунёд намояд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 261
  • 695
  • 244,687