СОVID-19. Дар Деваштич муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот намуд

СОVID-19. Дар Деваштич муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот намуд
Май 20
13:19 2020

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Деваштич бо роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Нахуст сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи мазкур оид ба пешгирии бемории коронавирус (СОVID-19) маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зимни мулоқот муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода таъкид намуд, ки бо вуҷуди нисбатан кам будани мубталоёни бемории коронавирус дар ноҳия бояд аз ҷониби масъулини дахлдор оид ба пешгирии бемории СОVID-19 дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои ноҳия корҳои безараргардонӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд. Имрӯзҳо аз тарафи Давлату Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ барои мубориза бо ин беморӣ ҷудо карда шуда, ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатии ноҳия маводи зарурӣ харидорӣ шудаанд. Ҳамзамон аз ҳисоби ҷавонон ва занҳо бояд гурӯҳи корӣ (волонтёрҳо) ташкил карда шавад, то ба духтурҳои оилавӣ ёрии амалӣ расонанд ва гардиши хона ба хонаро пурзӯр намоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода ва раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода сухан гуфтанд.

Сипас, гурӯҳи корӣ аз вазъи бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ҳудуди ноҳия дидан намуда, барои боз ҳам  беҳтар сохтани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳия гурӯҳҳои ихтиёрии маҳаллӣ таъсис дода шуда, дар даромадгоҳҳои асосии ноҳия ва ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нуқтаҳои дидбонгоҳ ташкил карда шудаанд. Гурӯҳи ихтиёриён тозагӣ ва ҳифзи муҳити зистро назорат намуда, ҷиҳати истифодаи ниқобу дастпӯшакҳо, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда, безараргардонии нақлиёт ва бо тепловизор санҷидани  ҳарорати бадани одамон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2020
ДСЧПҶШЯ
« ஏப்  
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 64
  • 547
  • 359,003