Султон Бекмуродзода: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи мамлакат аст»

Султон Бекмуродзода: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи мамлакат аст»
Ноябр 16
07:11 2019

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Ин аст, ки бо пушти сар гузоштани ҳар сол дарк ва шинохти мардум аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кам не, баръакс амиқтар мегардад.  Дар робита ба ин санаи бошарофат таваҷҷуҳ намоед ба нигориши Сардори Хадамоти назорати  давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА:

Бешак, Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлатдории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чунки маҳз 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои мардум сулҳ овард. Маҳз ин марди худодод тавонист  табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург аст.

Дар баробари ин, як зумра ташаббусҳои байналмилалии Сарвари  давлатро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ намудаанд, ки мояи ифтихори ҳар як шаҳвандони Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, пайдосозиии роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, ҳалли ихтилофҳои Афғонистон бо роҳи гуфтугӯ ва ғайра пешниҳодҳои Сарвари давлат дар арсаи байналмилалист.  Соли гузашта татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, ки ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ мебошад, шурӯъ гардид.

Мардуми мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра дастовардҳои муҳиме даст ёфтанд. Соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюли мусбат дошта, натиҷаи он нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аст, ки дарозумри мардон 73,3 ва занон ба 76,9 расидааст. Камшавии бемориҳои сироятӣ ҳамасола ба назар мерасад.

Айни ҳол Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ тақрибан ду маротиба, яъне то 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат  аст, ки давлати мо аз рӯйхати давлатҳои дорои сатҳи пасти даромад берун баромад.

Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Дар робита ба ин Пешвои миллат бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод намуданд, ки воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Ҳоло воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат  аз андоз аз арзиши иловашуда  ва пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озоданд.

Бо оғози фаъолияти корхонаҳои дорусозӣ ва маводи тиббӣ садҳо навъи дору дар мамлакат истеҳсол мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро ба масъалаҳои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат ҳамеша ташвиқ менамоянд.

Мояи ифтихори мост, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ саҳм ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри таъмини солимии ҷомеа ба инобат гирифта, ба Сарвари мо 19 июли соли 2018 “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” супорид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали Ибни Сино

Ҳафтаномаи “Паёми шифо”

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ













 border=


 border=


 border=


 border=


 border=


Шумораи хонандагон

  • 0
  • 285
  • 565
  • 207,208